عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ رضي الله عنهما قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ أَنْ تُؤْتَى رُخَصُهُ، كَمَا يُحِبُّ أَنْ تُؤْتَى عَزَائِمُهُ».

[صحيح] - [رواه ابن حبان] - [صحيح ابن حبان: 354]
المزيــد ...

Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
"Худованд дӯст медорад ба рухсатҳо (осониҳое, ки Худованд дар ибодатҳояш иҷозат додааст) амал карда шавад, ҳамонгуна, ки дӯст медорад ба дастурот (фарз ва воҷибот)-аш амал карда шавад".

[صحيح] - [رواه ابن حبان] - [Саҳеҳи ибни Ҳиббон - 354]

Шарҳ

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён медорад, ки Худованд дӯст медорад ба осониҳои шаръӣ - рухсат ва осонӣ дар ибодатҳо ва аҳкоми шариъат, ба монанди қаср хондан дар сафар ва ё ҷамъ кардани ду намоз дар як вақт - амал кунанд. Ҳамонгуна, ки Ӯ Таъоло дӯст медорад дастурот, фарз ва воҷибот, ки бар бандагон муқарар кардааст, анҷом дода шаванд. Зеро фармони Худовандӣ дар дастурот ва рухсатҳо як аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Аз раҳмату меҳрубонии Худованд бар бандагонаш ин аст, ки Ӯ Таъоло дӯст медорад ба осониҳо, ки дар шаръ додааст, амал карда шавад.
  2. Ин як шариати комил аст ва машаққат (сахтӣ ва душворӣ) аз ин уммат бардошта шудааст.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: Англисӣ Урду Испонӣ Бештар (65)