عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«خَيْرُ يَوْمٍ طَلَعَتْ عَلَيْهِ الشَّمْسُ يَوْمُ الْجُمُعَةِ، فِيهِ خُلِقَ آدَمُ، وَفِيهِ أُدْخِلَ الْجَنَّةَ، وَفِيهِ أُخْرِجَ مِنْهَا، وَلَا تَقُومُ السَّاعَةُ إِلَّا فِي يَوْمِ الْجُمُعَةِ».
[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 854]
المزيــد ...
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Беҳтарин рӯзе, ки бар он офтоб тулуъ кардааст, рӯзи ҷумъа аст. Одам дар он рӯз офарида шуд ва дар он рӯз ба биҳишт дароварда шуд ва дар он рӯз аз биҳишт берун оварда шуд. Ва қиёмат барпо намешавад, магар дар рӯзи ҷумъа."
[Саҳеҳ] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 854]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд, ки беҳтарин рӯзе, ки дар он офтоб тулуъ кардааст, рӯзи ҷумъа аст. Аз вижагиҳои рӯзи ҷумъа ин аст, ки Худованд Одам (алайҳис-салом)-ро дар он рӯз офарид ва дар он рӯз ӯро ба биҳишт дохил кард ва дар он рӯз ӯро аз биҳишт берун карда ба замин фуруд овард. Ва қиёмат барпо намешавад, магар дар рӯзи ҷумъа.