عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بنِ مسعُودٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ:
ذُكِرَ عِنْدَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ رَجُلٌ نَامَ لَيْلَهُ حَتَّى أَصْبَحَ، قَالَ: «ذَاكَ رَجُلٌ بَالَ الشَّيْطَانُ فِي أُذُنَيْهِ، أَوْ قَالَ: فِي أُذُنِهِ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 3270]
المزيــد ...
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз марде ёд шуд, ки шабро то саҳар хоб рафт. Фармуд: "Ӯ марде аст, ки шайтон дар гӯшҳояш - ё дар гӯшаш - пешоб кардааст."
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 3270]
Назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз марде ёд шуд, ки шаб то саҳар хоб рафт, то ин ки офтоб баромад ва дар намози бомдод нахест. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Ӯ марде аст, ки шайтон дар гӯшҳояш пешоб кардааст.