1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис ва ба ӯ гуфтем: Ту сайид (сарвар)-и моӣ. Ӯ дар ҷавоб гуфт: " Сайид Аллоҳ аст". Гуфтем: Беҳтарини мо аз рӯи фазлу шараф ва бартарӣ ҳастӣ ва бахшандатарин ва волотарини мо ҳастӣ. Пас фармуд:" Сухани худро ё баъзе аз сухани худро бигӯед ва шайтон шуморо дар роҳи ботил накашонад (васваса накунад)

عَن عَبدِ الله بنِ الشِّخِّير رضي الله عنه قَالَ:
انْطَلَقْتُ في وَفدِ بَنِي عَامِرٍ إِلى رَسُولِ الله صلى الله عليه وسلم، فَقُلنا: أَنتَ سيّدُنَا، فقال: «السَّيدُ اللهُ»، قُلنا: وَأَفْضَلُنا فَضْلاً، وأعظَمُنا طَوْلاً، فقال: «قُولُوا بِقَولِكُم، أَو بَعضِ قولِكُم، وَلَا يَسْتَجْرِيَنَّكُم الشَّيطَانُ».

Аз Абдуллоҳ ибни Шиххир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Ҳамроҳ бо фиристодагони бани Омир назди Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рафтем, ва ба ӯ гуфтем: Ту сайид (сарвар)-и моӣ. Ӯ дар ҷавоб гуфт: " Сайид Аллоҳ аст". Гуфтем: Беҳтарини мо аз рӯи фазлу шараф ва бартарӣ ҳастӣ ва бахшандатарин ва волотарини мо ҳастӣ. Пас фармуд:" Сухани худро ё баъзе аз сухани худро бигӯед ва шайтон шуморо дар роҳи ботил накашонад (васваса накунад)."

Саҳеҳ رواه أبو داود وأحمد Сунани Абудовуд - 4806

Шарҳ

Гурӯҳе назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд ва ҳангоме ки назди он ҳазрат расиданд, аз рӯйи мадҳу ситоиш ба он Ҳазрат суханоне гуфтанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин кори онҳоро написандид. Онон гуфтанд: "Ту сайиди мо ҳастӣ" Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Сайид ва сарвар Аллоҳ аст" Зеро Ӯ дорои сарварии комил бар офаридагонаш аст ва онон бандагони Ӯ ҳастанд. Онҳо гуфтанд: "Ту беҳтарини мо аз рӯи фазл ҳастӣ" ва болотарини мо аз назари иззат ва шарафу мартаба. Ва Ту "бузургтарини мо аз рӯи саховатмандӣ ва ато ҳастӣ" ва бахшандатарин ва волотарину гиромитарини мо ҳастӣ. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ононро роҳнамои кард, ки ҳамон суханони маъмулии худро бигӯянд ва дар интихоби калимаҳо такаллуф наварзанд ва хушомадгӯйи накунанд. Ва шайтон ононро ба сӯи ғулув ва зиёдаравӣ дар мадҳ, ки сабаби воқеъ шудан дар ширк ва васоили ширк мешавад, накашонад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Бузургии қадри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар назди асҳобаш ва эҳтироми онон нисбат ба он ҳазрат.
  2. Манъи такаллуф дар ихтиёри калимаҳо ва миёнаравӣ дар гуфтор.
  3. Ҳимояти тавҳид аз гуфтаҳо ва корҳое, ки дар он эрод ворид мекунад.
  4. Манъ аз зиёдаравӣ дар мадҳу ситоиш, зеро он яке аз даромадгоҳҳои шайтон аст.
  5. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сарвари фарзандони Одам аст ва он чи дар ин ҳадис омадааст, аз хоксорӣ ва аз тарси он аст, ки дар он ба ифрот ва зиёдаравӣ бирасанд.

Намоиши тарҷумаҳо

59 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية