“Касе барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва муртакиби фаҳшу ҷимоъ ва корҳои ношоиста нашавад, тавре аз ҳаҷ бармегардад, ба монанди рӯзе, ки аз модараш таваллуд шудааст.” (яъне пок аз гуноҳон)
Як намоз дар масҷиди ман беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром (ҳарами маккӣ)
Эй Расули Аллоҳ! Мо ҷиҳодро беҳтарин амал медонем, оё ҷиҳод накунем? Фармуд: "На, вале беҳтарин ҷиҳод ҳаҷҷи пазируфташуда аст
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ду қӯчқори сафеду сиёҳи шохдорро қурбонӣ кард. Он ду қӯчқорро бо дасти худ забҳ намуд. Бисмиллоҳ ва Аллоҳу акбар гуфта, пояшро бар як тарафи гардани онҳо гузошт