عَنْ ‌أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ: أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«صَلَاةٌ فِي مَسْجِدِي هَذَا خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ صَلَاةٍ فِيمَا سِوَاهُ إِلَّا الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ».

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 1190]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Як намоз дар масҷиди ман беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром (ҳарами маккӣ)".

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 1190]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фазилати намозро дар масҷиди худ баён кардааст, ки савоби он беҳтар аз ҳазор намоз дар масҷидҳои дигари рӯи замин аст, магар Масҷидулҳаром дар Макка. Зеро намоз дар ин масҷид фазилаташ бештар аз намоз дар масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Чанд баробар зиёд шудани аҷру савоби намоз дар Масҷидулҳаром ва масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
  2. Намоз дар Масҷидулҳаром беҳтар аз сад ҳазор намоз дар масҷидҳои дигар аст.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: Англисӣ Урду Испонӣ Бештар (60)