+ -

عن ابن عباس رضي الله عنهما قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:
«ما مِنْ أيَّامٍ العمَلُ الصَّالِحُ فيها أحبُّ إلى اللهِ مِن هذه الأيام» يعني أيامَ العشر، قالوا: يا رسُولَ الله، ولا الجهادُ في سبيلِ الله؟ قال: «ولا الجهادُ في سبيلِ الله، إلا رجلٌ خَرَجَ بنفسِه ومالِه فلم يَرْجِعْ من ذلك بشيءٍ».

[صحيح] - [رواه البخاري وأبو داود، واللفظ له] - [سنن أبي داود: 2438]
المزيــد ...

Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
"Ҳеҷ рузе нест, ки амали нек назди Худованд маҳбубтар аз ин рӯзҳо бошад". Яъне: рӯзҳои даҳгона (Даҳаи моҳи зилҳиҷҷа), гуфтанд: эй Расули Аллоҳ, ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ? Фармуд: "Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, магар марде, ки бо ҷону молаш дар роҳи Худо баромад ва чизе аз онро барнагардонид".

[صحيح] - [رواه البخاري وأبو داود، واللفظ له] - [Сунани Абудовуд - 2438]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки амали нек дар даҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа беҳтар аз дигар рӯзҳои сол аст.
Саҳобагон (Худованд аз онҳо розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ҷиҳод дар рӯзҳои ғайр аз ин даҳа пурсиданд, ки оё он беҳтар аст ё амалҳои нек дар ин рӯзҳо? Чун онҳо бар ин буданд, ки, ҷиҳод аз беҳтарин амалҳо аст.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар посух гуфтанд: амали нек дар ин рӯзҳо беҳтар аз ҷиҳод дар рӯзҳои дигар аст, магар марде, ки ба ҷиҳод баромад ва ҷону моли худро дар роҳи Аллоҳ фидо намуд. Ин аст ягона амал, ки бар дигар амалҳо дар рӯзҳои мазкур бартарӣ дорад.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ Украинӣ الجورجية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фазилати амали нек дар даҳаи зулҳиҷҷа. Бинобарин мусалмон бояд ин рӯзҳоро ғанимат дониста то метавонад бештар ибодат намояд, аз ҷумла зикри Аллоҳ, Қуръон хондан, такбиру таҳлилу ҳамду сано гуфтан, намоз хондан, рӯза гирифтан, садақа додан ва амалҳои неки дигар анҷом додан.
Бештар