1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Шайтон бар пушти сари яке аз шумо, вақте ки ӯ мехобад, се гиреҳ мезанад. Ба ҳар як гиреҳ мегӯяд: Шаб дароз аст, бихоб

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«يَعْقِدُ الشَّيْطَانُ عَلَى قَافِيَةِ رَأْسِ أَحَدِكُمْ إِذَا هُوَ نَامَ ثَلاَثَ عُقَدٍ يَضْرِبُ كُلَّ عُقْدَةٍ عَلَيْكَ لَيْلٌ طَوِيلٌ، فَارْقُدْ، فَإِنِ اسْتَيْقَظَ فَذَكَرَ اللَّهَ، انْحَلَّتْ عُقْدَةٌ، فَإِنْ تَوَضَّأَ انْحَلَّتْ عُقْدَةٌ، فَإِنْ صَلَّى انْحَلَّتْ عُقْدَةٌ، فَأَصْبَحَ نَشِيطًا طَيِّبَ النَّفْسِ، وَإِلَّا أَصْبَحَ خَبِيثَ النَّفْسِ كَسْلاَنَ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Шайтон бар пушти сари яке аз шумо, вақте ки ӯ мехобад, се гиреҳ мезанад. Ба ҳар як гиреҳ мегӯяд: Шаб дароз аст, бихоб. Агар бедор шавад ва Худоро ёд кунад, як гиреҳ кушода мешавад. Агар пас аз он вузӯ бигирад, боз як гиреҳ кушода мешавад. Агар намоз бихонад, гиреҳи сеюм низ кушода мешавад. Дар натиҷа, субҳро бо нерӯмандӣ ва хушҳолии нафс оғоз мекунад. Вале агар чунин накунад, субҳро бо нафси нороҳат ва дар ҳолати танбалӣ оғоз мекунад."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 1142

Шарҳ

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳолати шайтонро баён мекунанд, ки чӣ гуна ӯ бо инсоне, ки мехоҳад барои намози шаб ё намози бомдод бархезад, дар мубориза аст.
Воқеан, вақте муъмин ба хоб меравад, шайтон дар пушти сараш, яъне дар қисми паси сари ӯ, се гиреҳ мебандад.
Агар муъмин бедор шавад ва Худоро ёд кунад ва ба васвасаҳои шайтон гӯш надиҳад, як гиреҳ кушода мешавад.
Агар таҳорат гирад, гиреҳи дуюм ҳам кушода мешавад.
Агар (банда) бархоста намоз хонад, гиреҳи сеюм низ кушода мешавад ва (он шахс) бо рӯҳи болида ва дили шод бедор мешавад, аз он ҷиҳат ки Худованд ӯро ба итоат муваффақ гардонидааст ва ба савобу мағфират ваъда додааст. Аммо агар (намоз нахонад), бо рӯҳи ғамгин, дили танг ва аз корҳои хайру нек ба танбалӣ бедор мешавад, зеро ӯ таҳти таъсири гиреҳҳои шайтон ва васвасаҳояш мондааст ва аз наздики ба Аллоҳ дур ва маҳрум шудааст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Шайтон ҳамеша дар ҳар роҳе мекӯшад, то миёни банда ва итоат ба Худо монеъ шавад. Наҷоти банда аз шайтон танҳо бо ёрӣ ҷустан аз Худованди Азза ва Ҷалла ва гирифтани сабабҳои нигаҳдорӣ ва эмин мондан имконпазир аст.
  2. Ёдоварӣ аз Худо ва ибодати Ӯ сабаби фаъол гардидани нафс, боз шудани сина, рафъи танбалӣ ва сустӣ, бартараф шудани ғам ва нафрат мегардад, зеро ки ин ҳама аз васвасаҳои шайтон аст ва ёди Худо шайтонро меронад.
  3. Муъмин аз он шод мегардад, ки Худованд ӯро барои итоаташ муваффақ гардондааст ва аз кӯтоҳияш дар расидан ба дараҷаҳои фазлу камол андуҳгин мешавад.
  4. Ғафлат ва танбалӣ аз ибодатҳо аз корҳои шайтон ва ороишҳои ӯст.
  5. Ин се чиз: зикри Худо, вузӯ ва намоз, шайтонро дур мекунанд.
  6. Шайтон махсусан қафои сари инсонро бо се гиреҳ мебандад, зеро ки он маркази қувват ва ҷои таъсири он (шайтон) аст. Агар шайтон онро бандад, метавонад рӯҳи инсонро идора кунад ва бар вай хоби сахт биандозад.
  7. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мегӯяд: Зикри шаб, дар фармудаи ӯ "ъалайка лайл" (шаб дароз аст), ишора ба хоби шаб аст.
  8. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мегӯяд: Барои зикр чизе муайян нест, ки танҳо он қонеъкунанда бошад ва дигарон қобили қабул набошад. Ҳар чизе, ки ҳақиқатан зикри Худоро дошта бошад, қобили қабул аст. Ба монанди тиловати Қуръон, хондани ҳадисҳои набавӣ, машғул шудан бо илмҳои шариатӣ. Ва беҳтарин зикре, ки гуфта мешавад, ин фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки мегӯяд: Ҳар ки шаб бедор шавад ва бигӯяд: "Ло илаҳа иллаллоҳ ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин қадир. Алҳамдулиллоҳ ва субҳаналлоҳ ва ло илаҳа иллаллоҳ ва Аллоҳу акбар ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ". Сипас бигӯяд: "Аллоҳумма иғфир лӣ" ё дуо кунад, мустаҷоб мешавад. Агар вузӯ кунад, намозаш қабул мегардад. (Ривояти Бухорӣ)

Намоиши тарҷумаҳо

51 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية