عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ:
كَانَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَسِيرُ فِي طَرِيقِ مَكَّةَ، فَمَرَّ عَلَى جَبَلٍ يُقَالُ لَهُ جُمْدَانُ، فَقَالَ: «سِيرُوا هَذَا جُمْدَانُ، سَبَقَ الْمُفَرِّدُونَ» قَالُوا: وَمَا الْمُفَرِّدُونَ يَا رَسُولَ اللهِ؟ قَالَ: «الذَّاكِرُونَ اللهَ كَثِيرًا وَالذَّاكِرَاتُ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар роҳи Макка мерафтанд ва аз назди кӯҳе мегузаштанд, ки номаш Ҷумдон буд, Фармуд: "Ҳаракат кунед биравед, ин Ҷумдон аст, "муфарридон" пешӣ ҷустанд". Гуфтанд: "Муфарридон" киҳо ҳастанд эй Расули Аллоҳ? Фармуд: "Мардон ва заноне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2676

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) манзилати касонеро, ки Аллоҳро зиёд зикр мекунанд, баён намудааст. Ва ин ки онон дар касби дараҷоти воло дар биҳишт аз дигарон пеш гузаштаанд ва онҳоро ба кӯҳи Ҷумдон ташбеҳ карданд, ки аз дигар кӯҳҳо ҷудо афтодааст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Зиёд зикр кардан ва ба он машғул шудан мустаҳаб аст, зеро бартарӣ дар охират танҳо бо тоъату ихлос дар ибодати бисёр ба даст меояд.
  2. Зикри Аллоҳ танҳо бо забон, ё танҳо бо дил, ё бо дилу забон якҷоя мешавад, ки баландтарин мартаба аст.
  3. Аз ҷумлаи зикрҳо, зикрҳои муқайяд ба вақт ва ҳолати хос ҳастанд, монанди зикрҳои субҳу шом, зикрҳои баъд аз намозҳои фарзӣ ва ғайра.
  4. Нававӣ мегӯяд: Бидон, ки фазилати зикр танҳо ба тасбеҳ, таҳлил, таҳмид, такбир ва монанди инҳо нест, балки ҳар кас дар роҳи тоати Аллоҳ Таъоло амал кунад, зикр кунандаи Аллоҳ Таъоло аст.
  5. Зикри Аллоҳ аз бузургтарин асбоби пойдорӣ аст. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: "Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки бо гурӯҳе [аз душманон] рӯбарӯ шудед, пойдорӣ намоед ва Аллоҳ Таъолоро бисёр ёд кунед, бошад, ки растагор шавед." (Сураи Анфол, ояти 45).
  6. Муқоиса байни зикркунандагон ва кӯҳи Ҷумдон, инзиво ва ҷудоӣ аст. Кӯҳи Ҷумдон аз дигар кӯҳҳо ҷудо аст ва зикркунандагон низ ин гуна ҳастанд. Мунфарид ва ҷудо афтода касе аст, ки дилаш ва забонаш бо ёди Парвардигораш аз дигарон ҷудо аст, ҳатто агар дар миёни мардум ҳам бошад. Ва бо вақтҳои хилват ва танҳоӣ унс мегирад ва аз бисёр мухолатат бо мардум дучори адами унс ва дилтангӣ мешавад. Шояд монанди дар ин ҳам бошад, ки зикр сабаби устуворӣ дар дин аст, чӣ гунае, ки кӯҳҳо сабаби устувории замин ҳастанд. Ё манзур сабқат гирифтан ба сӯи некиҳо дар дунё ва охират бошад, зеро мусофире, ки аз Мадина ба Макка меравад, вақте ба Ҷумдон расид, ин нишонаи расидани ӯ ба Макка аст ва касе, ки ба онҷо расид, аз дигарон сабқат гирифта аст. Он ки зикри Аллоҳро мегӯяд, низ ба сабаби касрати зикри Аллоҳ аз дигарон сабқат ҷуста аст. Аллоҳ донотар аст.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية