عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«رَغِمَ أَنْفُ، ثُمَّ رَغِمَ أَنْفُ، ثُمَّ رَغِمَ أَنْفُ»، قِيلَ: مَنْ؟ يَا رَسُولَ اللهِ قَالَ: «مَنْ أَدْرَكَ أَبَوَيْهِ عِنْدَ الْكِبَرِ، أَحَدَهُمَا أَوْ كِلَيْهِمَا فَلَمْ يَدْخُلِ الْجَنَّةَ».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 2551]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод!" Гуфтанд: Чӣ касе эй Расули Аллоҳ? Фармуд: "Он ки падару модараш ё яке аз онҳоро дар ҳоли пирӣ дарёбад ва (ба сабаби некӣ накардан ба онҳо) вориди биҳишт нашавад."

[Саҳеҳ] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 2551]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба зиллат ва хорӣ дуъо карданд, то ҷое, ки гӯё бинии ӯро дар хок қарор доданд ва инро се бор такрор карданд. Пас пурсида шуд: Ин кас, ки алайҳи ӯ дуо кардед, кист?
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Касе, ки падару модараш -ҳарду ё яке аз онҳо- ро дар ҳангоми пирӣ дарёбад ва он ду сабаби ворид шудани ӯ ба биҳишт нашаванд, яъне ба сабаби некӣ накардан дар ҳаққи онон ё ъуқуқи онон.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Некӣ бар падару модар воҷиб аст ва он яке аз сабабҳои ворид шудан ба биҳишт аст, бахусус дар пирӣ ва нотавонӣ.
  2. Ъуқуқи падару модар ва бадрафторӣ бо онон аз гуноҳони кабира аст.
Намоиши тарҷумаҳо