عَنْ مَعْدَانَ بْنِ أَبِي طَلْحَةَ الْيَعْمَرِيُّ قَالَ:
لَقِيتُ ثَوْبَانَ مَوْلَى رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقُلْتُ: أَخْبِرْنِي بِعَمَلٍ أَعْمَلُهُ يُدْخِلُنِي اللهُ بِهِ الْجَنَّةَ؟ أَوْ قَالَ قُلْتُ: بِأَحَبِّ الْأَعْمَالِ إِلَى اللهِ، فَسَكَتَ. ثُمَّ سَأَلْتُهُ فَسَكَتَ. ثُمَّ سَأَلْتُهُ الثَّالِثَةَ فَقَالَ: سَأَلْتُ عَنْ ذَلِكَ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَ: «عَلَيْكَ بِكَثْرَةِ السُّجُودِ لِلَّهِ، فَإِنَّكَ لَا تَسْجُدُ لِلَّهِ سَجْدَةً، إِلَّا رَفَعَكَ اللهُ بِهَا دَرَجَةً، وَحَطَّ عَنْكَ بِهَا خَطِيئَةً» قَالَ مَعْدَانُ: ثُمَّ لَقِيتُ أَبَا الدَّرْدَاءِ فَسَأَلْتُهُ فَقَالَ لِي: مِثْلَ مَا قَالَ لِي: ثَوْبَانُ.
[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 488]
المزيــد ...
Аз Маъдон ибни Абуталҳаи Яъмарӣ ривоят аст, ки гуфт:
Савбон бардаи озодкардаи Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, гуфтам: Манро аз коре огоҳ кун, ки Аллоҳ манро ба сабаби он аз аҳли биҳишт гардонад? Ё гуфт: Гуфтам: Манро аз маҳбубтарин аъмол назди Аллоҳ огоҳ кун. Пас ӯ сукут кард. Сипас бори сеюм аз ӯ пурсидам. Гуфт: Аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин бора пурсидам, фармуд: "Барои Аллоҳ бисёр саҷда кун, зеро барои Аллоҳ саҷда намебарӣ магар ин ки Аллоҳ ба василаи он саҷда дараҷае бар дараҷоти ту меафзояд ва гуноҳе аз гуноҳонатро пок мекунад". Маъдон мегӯяд: Сипас Абудардоро дидам ва аз ӯ пурсидам, ӯ ҳам монанди Савбон бароям ҷавоб дод.
[Саҳеҳ] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 488]
Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи амалҳое пурсида шуд, ки сабаби вуруд ба биҳишт мешавад, ё дар бораи ин ки маҳбубтарин амал дар назди Аллоҳ кадом аст?
Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҷавоби суолдиҳанда гуфт: Дар намозат саҷдаи зиёд бикун. Зеро ҳаргоҳ, ки барои Аллоҳ саҷда кунӣ, туро ба сабаби он дараҷае боло мебарад ва гуноҳе аз гуноҳонатро мағфират мекунад.