1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Дар ҳақиқат вазнинтарин намоз бар мунофиқон намози хуфтан ва бомдод аст. Ва агар медонистанд дар он ду намоз (чи подоше) аст, барои адои он ҳатто хазида ба масҷид меомаданд

عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:
«‌إِنَّ ‌أَثْقَلَ صَلَاةٍ عَلَى الْمُنَافِقِينَ صَلَاةُ الْعِشَاءِ وَصَلَاةُ الْفَجْرِ، وَلَوْ يَعْلَمُونَ مَا فِيهِمَا لَأَتَوْهُمَا وَلَوْ حَبْوًا، وَلَقَدْ هَمَمْتُ أَنْ آمُرَ بِالصَّلَاةِ فَتُقَامَ، ثُمَّ آمُرَ رَجُلًا فَيُصَلِّيَ بِالنَّاسِ، ثُمَّ أَنْطَلِقَ مَعِي بِرِجَالٍ مَعَهُمْ حُزَمٌ مِنْ حَطَبٍ إِلَى قَوْمٍ لَا يَشْهَدُونَ الصَّلَاةَ، فَأُحَرِّقَ عَلَيْهِمْ بُيُوتَهُمْ بِالنَّارِ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Дар ҳақиқат вазнинтарин намоз бар мунофиқон намози хуфтан ва бомдод аст. Ва агар медонистанд дар он ду намоз (чи подоше) аст, барои адои он ҳатто хазида ба масҷид меомаданд. Ва ба таъкид хостам, ки амр намоям то намоз барпо шавад, сипас ба яке аз мардон амр кунам барои мардум намоз бихонад, сипас ҳамроҳ бо мардоне, ки бастаҳое аз ҳезум ба ҳамроҳ доранд ба сӯйи ақвоме биравам, ки барои намози ҷамоат ҳозир намешаванд, то хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонам."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 651

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи мунофиқон ва танбалии онон аз ҳозир шудан дар намоз, ба хусус дар намозҳои хуфтан ва бомдод хабар доданд. Ва ин ки агар миқдори аҷру савоби ҳозир шудан дар ин намозҳо ҳамроҳ бо ҷамоати мусалмононро медонистанд, ҳатто монанди кӯдакон хазида бар дасту зону дар ин намозҳо ҳозир мешуданд.
Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тасмим гирифт, ки амр кунад то намозро барпо кунанд ва ба ҷои худ мардеро имом интихоб кунад ва сипас худ бо бастаҳои аз ҳезум ба сӯи мардоне биравад, ки дар ҷамоат ҳозир намешаванд ва хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонанд. Ва ин ба сабаби сахтии гуноҳе буд, муртакиб мешуданд. Аммо эшон чунин накарданд, зеро дар ин хонаҳо занону кӯдакони бегуноҳ ва дигар касоне ҳастанд, ки узр доранд ва гуноҳе надоранд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Хатари тарки намози ҷамоат дар масҷид.
  2. Мунофиқон дар анҷом додани ибодатҳояшон қасде ҷуз риёкорӣ ва шуҳрат надоштанд. Зеро онон барои намоз намеоянд, магар ҳангоме ки мардум ононро бубинанд.
  3. Бузургии аҷру савоби адо кардани намози хуфтан ва бомдод бо ҷамоат аст ва ин ки ин ду намоз сазовортар ба адо кардан бо ҷамоатанд, агарчи бо хазидан ба сӯйи онҳо бошад.
  4. Муҳофизат бар намозҳои хуфтан ва бомдод сабаби дар амон мондан аз нифоқ аст ва тарки ин ду намоз аз хислатҳои мунофиқон аст.

Намоиши тарҷумаҳо

60 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية