1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Ин санге буд, ки ҳафтод сол пеш ба ҷаҳаннам афканда шуда буд, то ҳоло дар он фуруд меомад, то ин ки (ҳоло) ба қаъри он расид

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ:
كُنَّا مَعَ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، إِذْ سَمِعَ وَجْبَةً، فَقَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «تَدْرُونَ مَا هَذَا؟» قَالَ: قُلْنَا: اللهُ وَرَسُولُهُ أَعْلَمُ، قَالَ: «هَذَا حَجَرٌ رُمِيَ بِهِ فِي النَّارِ مُنْذُ سَبْعِينَ خَرِيفًا، فَهُوَ يَهْوِي فِي النَّارِ الْآنَ حَتَّى انْتَهَى إِلَى قَعْرِهَا».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Ҳамроҳи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаста будем, ногаҳон садои баланде шунидем (садои афтодани чизе). Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё медонед ин чи буд?" Гуфтем: Худо ва Расулаш беҳтар медонанд. Фармуд: "Ин санге буд, ки ҳафтод сол пеш ба ҷаҳаннам афканда шуда буд, то ҳоло дар он фуруд меомад, то ин ки (ҳоло) ба қаъри он расид."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2844

Шарҳ

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) садои сахт ва даҳшатнокеро шуниданд, ки мисли афтодани ҷисме буд. Аз саҳобагоне, ки назди ӯ нишаста буданд, пурсиданд, ки ин садо чист? Онҳо гуфтанд: Худо ва Расулаш беҳтар медонанд.
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо гуфтанд: Ин садое, ки шунидед, садои сангест, ки ҳафтод сол пеш аз лаби дӯзах ба дӯзах афканда шуд ва то ин муддат дар ҳоли афтодан буд ва ҳоло шумо садои ба қаъри дӯзах расидани он сангро шунидед.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Тарғиб ба омодагӣ барои рӯзи қиёмат бо аъмоли нек ва ҳушдор аз оташи дӯзах.
  2. Дар масъалаҳое, ки инсон дар борааш маълумот надорад, илми онро ба Худо нисбат додан ва гуфтани “Худо Донотар аст”, мустаҳаб аст.
  3. Ҷалби таваҷҷуҳи донишомӯзон ва шунавандагон аз тарафи устод пеш аз баёни мавзӯъ, фаҳмидани мавзуъро осонтар ва таъсиргузортар мегардонад.

Намоиши тарҷумаҳо

52 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية