عَنْ سَلَمَةَ بْنِ الْأَكْوَعِ رضي الله عنه:
أَنَّ رَجُلًا أَكَلَ عِنْدَ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِشِمَالِهِ، فَقَالَ: «كُلْ بِيَمِينِكَ»، قَالَ: لَا أَسْتَطِيعُ، قَالَ: «لَا اسْتَطَعْتَ»، مَا مَنَعَهُ إِلَّا الْكِبْرُ، قَالَ: فَمَا رَفَعَهَا إِلَى فِيهِ.
المزيد
Аз Салама ибни Акваъ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст:
Марде дар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дасти чапаш таом хӯрд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Бо дасти ростат бихӯр". Ӯ гуфт: Наметавонам, Эшон фармуданд: "Ҳаргиз натавонӣ". Ӯро ҷуз такаббур чизе аз анҷоми амри Паёмбар монеъ нашуд. Ровӣ мегӯяд: Дигар натавонист дасти росташро ба даҳонаш бирасонад.