Худованд аз бандае, ки чун таом хурд Худоро ҳамд гӯяд, ё об нӯшад Худоро ҳамд (Алҳамду лиллоҳ) гӯяд, розӣ мешавад
Эй писар! (дар ибтидои таом) номи Аллоҳро бигӯ, бо дасти ростат бихӯр ва аз он чи дар пешат аст, бихӯр
Ҳар гоҳ яке аз шумо таом бихӯрад, бо дасти росташ бихӯрад ва агар нӯшид бо дасти росташ бинӯшад, зеро шайтон бо дасти чапаш мехӯрад ва менӯшад
Ҳеҷ яке аз шумо ҳангоми пешоб кардан узвашро бо дасти росташ нагирад ва бо он истинҷо накунад, инчунин вақти об нӯшидан дар зарфи об нафас накашад
Марде дар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дасти чапаш таом хӯрд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Бо дасти ростат бихӯр". Ӯ гуфт: Наметавонам, Эшон фармуданд: "Ҳаргиз натавонӣ