1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Эй писар! (дар ибтидои таом) номи Аллоҳро бигӯ, бо дасти ростат бихӯр ва аз он чи дар пешат аст, бихӯр

عن عُمر بن أبي سلمة رضي الله عنه قال:
كُنْتُ غُلَامًا فِي حَجْرِ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَكَانَتْ يَدِي تَطِيشُ فِي الصَّحْفَةِ، فَقَالَ لِي رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «يَا غُلَامُ، سَمِّ اللهَ، وَكُلْ بِيَمِينِكَ، وَكُلْ مِمَّا يَلِيكَ» فَمَا زَالَتْ تِلْكَ طِعْمَتِي بَعْدُ.

Аз Умар ибни Абусалама (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Ман навҷавоне таҳти сарпарастии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будам ва дастам дар табақи таом ҳар тараф мерафт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ман гуфт:" Эй писар! (дар ибтидои таом) номи Аллоҳро бигӯ, бо дасти ростат бихӯр ва аз он чи дар пешат аст, бихӯр". Баъд аз он ҳамавақт таом хӯрдани ман ин гуна буд.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 5376

Шарҳ

Умар ибни Абусалама, писари ҳамсари Паёмбар, Умми Салама (разияллоҳу анҳумо), ки таҳти тарбият ва сарпарастии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) қарор дошт, хабар медиҳад, ки дар вақти таом хӯрдан дасташ дар табақи таом ба ҳар тараф мерафт, то ин ки ғизоро бигирад (аз пеши худаш намехӯрд), пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) се одоб аз одобҳои таом хӯрданро барояш ёд доданд:
Якум: "Бисмиллоҳ" (Ба номи Аллоҳ) гуфтан дар оғози таом.
Дувум: бо дасти рост хӯрдан.
Севум: хӯрдан аз ҷое, ки таом наздики ӯ аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Аз одоби хӯрдану нӯшидан, бисмиллоҳ гуфтан дар оғози он аст.
  2. Омӯзиши одоб ба кӯдакон, махсусан онҳое, ки таҳти сарпарастии шахс қарор доранд.
  3. Меҳрубонӣ ва дилкушодии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар омӯзиш ва адаб додани кӯдакон.
  4. Яке аз одоби таом хӯрдан ин аст, ки инсон аз назди худаш бихӯрад, магар ин ки чанд навъ таом бошад ва дар ин ҳолат метавонад (дар назди худаш ҳам набошад) аз он бигирад.
  5. Саҳобагон ба он чизе, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро тарбият карда буд, пойбанд буданд ва ин аз сухани Умар бармеояд: "Баъд аз он ҳамавақт таом хӯрдани ман ин гуна буд."

Намоиши тарҷумаҳо

61 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية