عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ:
قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «يَقُولُ اللهُ عَزَّ وَجَلَّ: أَنَا عِنْدَ ظَنِّ عَبْدِي، وَأَنَا مَعَهُ حِينَ يَذْكُرُنِي، فَإِنْ ذَكَرَنِي فِي نَفْسِهِ ذَكَرْتُهُ فِي نَفْسِي، وَإِنْ ذَكَرَنِي فِي مَلَإٍ ذَكَرْتُهُ فِي مَلَإٍ خَيْرٍ مِنْهُ، وَإِنِ اقْتَرَبَ إِلَيَّ شِبْرًا، تَقَرَّبْتُ إِلَيْهِ ذِرَاعًا، وَإِنِ اقْتَرَبَ إِلَيَّ ذِرَاعًا، اقْتَرَبْتُ إِلَيْهِ بَاعًا، وَإِنْ أَتَانِي يَمْشِي أَتَيْتُهُ هَرْوَلَةً».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح مسلم: 2675]
المزيــد ...
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: " Аллоҳ Азза ва Ҷалла мегӯяд: Ман назди гумони бандаи Худ ҳастам (яъне, ман бо бандаам мутобиқи гумоне, ки нисбат ба ман дорад рафтор мекунам), ҳар вақт, ки Манро ёд мекунад, Ман бо ӯ ҳастам. Агар Манро дар дили худ ёд кунад, Ман ӯро дар назди Худ ёд мекунам. Агар Манро дар миёни ҷамъе ёд кунад, Ман ӯро дар ҷамъе беҳтар аз онҳо ёд мекунам. Агар ба андозаи шибре (ваҷаб) ба Ман наздик шавад, Ман ба ӯ ба андозаи зироъ (як даст) наздик мешавам. Агар ба андозаи як зироъ наздик шавад, Ман ба андозаи як боъ (ду дасти боз) ба ӯ наздик мешавам. Агар ӯ ба сӯи Ман қадамзанон биёяд, Ман ба сӯи ӯ бо шитоб меоям".
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Муслим - 2675]
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:
Ман ҳамон тавре ҳастам, ки бандаи Ман дар ҳаққи Ман гумон мебарад. Бо ӯ мувофиқи гумонаш муомила мекунам: агар умед ба раҳмати Ман ва афв дошта бошад, ба ӯ некиро мерасонам ва ончи аз Ман умедвор аст, барояш анҷом медиҳам. Ман бо ӯ ҳастам, бо раҳмату тавфиқ, ҳидоят, нигоҳдорӣ ва ёриям, вақте ки Маро ёд мекунад.
Агар Манро дар танҳоӣ ва бо тасбеҳу таҳлил дар дилаш ёд кунад, Ман низ ӯро дар нафси Худ ёд мекунам.
Агар Манро дар миёни ҷамъе аз мардум ёд кунад, Ман ӯро дар миёни гурӯҳе беҳтар ва афзунтар аз онҳо ёд мекунам.
Ҳар ки ба сӯи Аллоҳ як шибр (андозаи як ваҷаб) наздик шавад, Аллоҳ ба сӯи ӯ як зироъ (андозаи як даст) наздик мешавад.
Агар банда ба сӯи Аллоҳ ба андозаи як зироъ наздик шавад, Аллоҳ ба ӯ ба андозаи як боъ (ду дасти кушода) наздик мешавад.
Агар ба сӯи Аллоҳ қадамзанон роҳ равад, Аллоҳ ба сӯи ӯ бо шитоб (давон) меояд.
Вақте банда бо итоату рӯ овардан ба Парвардигораш наздик мешавад, Худованд низ ба ӯ наздик мешавад ва подоши ӯро аз ҳамон ҷинси амалаш ато мекунад.
Ҳар қадар бандагии муъмин ба Парвардигораш комилтар шавад, ҳамон қадар ба Худо наздиктар мешавад, Ато ва подоши Худованд ҳамеша бештар аз амали банда аст, ҳам аз ҷиҳати кайфият ва ҳам аз ҷиҳати миқдор.
Пас, муъмин бо гумони нек ба Аллоҳ зиндагӣ мекунад, амал мекунад, шитоб меварзад ва бар аъмолаш меафзояд, то инки ба дидори Аллоҳ бирасад.