Тавҳиди исмҳо ва сифатҳо

23Рӯйхати ҳадисҳо

Рӯйхати ҳадисҳо 23

Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд
Ҳаройина, Худои Таъоло хубиҳо ва бадиҳоро муқаррар намуда, сипас онҳоро баён кардааст
Худои Таъоло фармудааст: "Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони Ман душманӣ намояд, Ман бар (зидди) вай ҷанг эълон менамоям. Бандаи Манро ҳеҷ чизе барои наздикӣ ҷустан ба сӯйи Ман сазовортар аз (иҷрои) он чи ки бар вай фарз гардондаам, нест
Аллоҳ ба ғайрат (рашк) меояд ва муъмин ба ғайрат меояд. Ва ғайрати Аллоҳ он аст, ки муъмин кореро, ки бар ӯ ҳаром шудааст, анҷом медиҳад
Ҳамоно Аллоҳ некиҳо ва бадиҳоро навишта сипас онҳоро баён фармудааст, пас касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом дода натавонад, Худованд барои ӯ як ҳасанаи комил менависад. Агар касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барои ӯ аз даҳ то ҳафтсад баробар ҳасана ва ҳатто бештар аз он менависад. Агар касе қасди анҷоми амали нораво кунад ва онро анҷом надиҳад, Худованд барои ӯ як ҳасана менависад, аммо агар қасд кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барояш танҳо як бадӣ менависад
Худованд ба сурат ва моли шумо нигоҳ намекунад, балки ба дилҳо ва амалҳои шумо менигарад
Эй бандагони Ман! ҳамоно ман зулмро бар Худ ҳаром гардонидам ва онро дар байни шумо низ ҳаром гардонидаам
Ҳамоно Аллоҳ ба золим муҳлат медиҳад, ва чун ӯро гирифт, дигар раҳояш намекунад
Касоне, ки меҳрубон ҳастанд, Аллоҳи Раҳмон ба онон раҳм хоҳад кард. Бар аҳли замин раҳм кунед, Он ки дар осмон аст ба шумо раҳм мекунад
Худованди Мутаъол ҳар шаб, дар сеяки охири он
Роҳи рост ва миёнаравиро дар пеш бигиред ва дурусткору устувор бошед (яъне, амалҳои худро бо ихлос ва мувофиқи суннат анҷом диҳед) ва бидонед, ки ҳеҷ яке аз шумо бо амалаш наҷот намеёбад." Саҳобаҳо пурсиданд: Эй Расули Худо, ҳатто шумо ҳам? Фармуд: "Ҳатто ман ҳам, магар ин ки Худованд маро бо раҳмат ва фазли хеш фаро гирад
Ман назди гумони бандаи Худ ҳастам (яъне, ман бо бандаам мутобиқи гумоне, ки нисбат ба ман дорад рафтор мекунам), ҳар вақт ки Манро ёд кунад, Ман бо ӯ ҳастам
Ҳеҷ бандае (айби) бандаеро дар дунё намепӯшонад, магар ин ки Худованд рӯзи қиёмат (айбҳо ва гуноҳони ) ӯро мепӯшонад
Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд
Эй фарзанди одам! Ҳаргоҳ манро мехонию ба ман умед дорӣ, туро бар он чи ки буд (ба хотири амалҳоят) меомурзам ва аз ту парвое надорам
Фарзанди одам манро такзиб кард, дар ҳоле ки набояд чунин мекард. Ва манро дашном дод, дар ҳоле ки набояд чунин мекард
Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони ман душманӣ варзад, ман бо ӯ ҷанг эълон кардаам. Ва бандаам бо чизе ба ман наздик нашудааст, ки барои ман маҳбубтар аз он чи бар ӯ фарз кардаам, бошад
Ҳар яке аз шумо ҳатман Парвардигораш бо ӯ сухан мегӯяд, — бе ягон тарҷумоне байни ӯ ва Худованд
вориди масҷид мешуд ин дуоро мехонд: "Аъузу биллоҳил-ъазим ва биваҷҳиҳил-карим ва султониҳил-қадим минаш-шайтонир-раҷим
Аллоҳ Таборак ва Таъоло ба аҳли биҳишт мегӯяд: Эй аҳли биҳишт! Онҳо мегӯянд: Лаббайк, Парвардигори мо! Мо итоат мекунем ва хушбахтем! Худованд мепурсад: Оё шумо розӣ ҳастед? Онҳо мегӯянд: Чаро розӣ набошем, дар ҳоле ки ба мо чизҳоеро додӣ, ки ба ҳеҷ як аз махлуқоти Худ надодаӣ?
Худованд мӯъмини некӯкорро зулм намекунад, барои амалҳои некаш дар дунё ато карда мешавад ва дар охират подоши нек барояш хоҳад дошт
Аллоҳ заминро (дар) мушти (худ) мекунад ва осмонро ба дасти росташ мепечонад, сипас мегӯяд: Манам Подшоҳ, подшоҳони замин куҷоянд?
Оё касе, ки дар дунё ӯро бо ду пой роҳ рафтан водоштааст, қодир нест рӯзи қиёмат ӯро он гуна водорад, ки бар рӯи чеҳраи худ роҳ равад"?