1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони ман душманӣ варзад, ман бо ӯ ҷанг эълон кардаам. Ва бандаам бо чизе ба ман наздик нашудааст, ки барои ман маҳбубтар аз он чи бар ӯ фарз кардаам, бошад

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ:
قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «إِنَّ اللَّهَ قَالَ: مَنْ عَادَى لِي وَلِيًّا فَقَدْ آذَنْتُهُ بِالحَرْبِ، وَمَا تَقَرَّبَ إِلَيَّ عَبْدِي بِشَيْءٍ أَحَبَّ إِلَيَّ مِمَّا افْتَرَضْتُ عَلَيْهِ، وَمَا يَزَالُ عَبْدِي يَتَقَرَّبُ إِلَيَّ بِالنَّوَافِلِ حَتَّى أُحِبَّهُ، فَإِذَا أَحْبَبْتُهُ: كُنْتُ سَمْعَهُ الَّذِي يَسْمَعُ بِهِ، وَبَصَرَهُ الَّذِي يُبْصِرُ بِهِ، وَيَدَهُ الَّتِي يَبْطِشُ بِهَا، وَرِجْلَهُ الَّتِي يَمْشِي بِهَا، وَإِنْ سَأَلَنِي لَأُعْطِيَنَّهُ، وَلَئِنِ اسْتَعَاذَنِي لَأُعِيذَنَّهُ، وَمَا تَرَدَّدْتُ عَنْ شَيْءٍ أَنَا فَاعِلُهُ تَرَدُّدِي عَنْ نَفْسِ المُؤْمِنِ، يَكْرَهُ المَوْتَ وَأَنَا أَكْرَهُ مَسَاءَتَهُ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат Аллоҳ Таъоло фармуд: Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони ман душманӣ варзад, ман бо ӯ ҷанг эълон кардаам. Ва бандаам бо чизе ба ман наздик нашудааст, ки барои ман маҳбубтар аз он чи бар ӯ фарз кардаам, бошад. Ва бандаам ҳамвора бо нафлҳо ба ман наздики меҷӯяд, то ин ки дӯсташ бидорам ва чун дӯсташ доштам, ман гӯши ӯ мешавам, ки бо он мешунавад ва чашми ӯ мешавам, ки бо он мебинад ва дасти ӯ мешавам, ки бо он мегирад ва пойи ӯ мешавам, ки бо он роҳ меравад. Ва агар аз ман бихоҳад, қатъан, ба ӯ ато хоҳам кард ва агар аз ман паноҳ бихоҳад, ӯро паноҳ хоҳам дод. Ва дар ҳеҷ коре, ки анҷомаш медиҳам, ба андозаи гирифтани ҷони муъмин тараддуд накардаам, ӯ маргро намеписандад ва ман ҳам озори ӯро намеписандам".

Саҳеҳ رواه البخاري Саҳеҳ Бухорӣ - 6502

Шарҳ

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси қудсӣ хабар додааст, ки Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ҳар ки дӯсте аз дӯстони манро озор диҳад ва ӯро хашмгин кунад ё аз ӯ кина ба дил гирад, Ман бо ӯ эълони душманӣ кардаам.
Валӣ: Муъмини солеҳ ва парҳезгор аст ва ҳар чи қадар банда аз имон ва тақво бархурдор бошад, ҳамон қадар аз вилояти Аллоҳ баҳраманд хоҳад шуд. Ва мусалмон бо чизе ба Парвардигораш наздик нашудааст, ки назди Парвардигор маҳбубтар аз анҷоми фарзҳояш ва тарки ҳаромҳояш бошад. Ва банда ҳамвора бо анҷом додани нафлҳо бо ҳамроҳии фарзҳояш ба Парвардигораш наздиктар мешавад, то ин ки муҳаббати Аллоҳро ба даст орад. Чун Аллоҳ ӯро дӯст бидорад, ӯро дар ин чаҳор узваш тавфиқи кори дуруст медиҳад:
Дар шунавоияш ӯро тавфиқ медиҳад, пас танҳо чизеро мешунавад, ки Аллоҳ аз он розӣ аст.
Ва дар биноияш ӯро тавфиқ медиҳад, пас танҳо чизеро мебинад, ки Аллоҳ онро дӯст медорад ва меписандад.
Ва дар дасташ тавфиқ медиҳад, пас бо дастонаш танҳо кореро мекунад, ки сабаби розигии Аллоҳ аст.
Ва дар пояш тавфиқ медиҳад, бинобар ин танҳо ҷое меравад, ки Аллоҳ розӣ аст, ва қадам намезанад, магар дар корҳои хайр.
Ва бо ин ҳама, агар аз Аллоҳ чизе бихоҳад, барояш ато мекунад. Бинобар ин, мустаҷобуддуо мешавад. Ва агар ба Аллоҳ паноҳ бибарад, ӯро паноҳ медиҳад ва аз он чи метарсад дар амон медорад.
Сипас Аллоҳ Таъоло фармуд: Дар чизе тараддуд накардам, магар дар гирифтани ҷони муъмин, аз рӯйи раҳмат ба ӯ, зеро муъмин маргро дӯст надорад ва Аллоҳ дарди муъминро намеписандад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ин ҳадисро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз Парвардигораш ривоят кардааст ва онро ҳадиси қудсӣ ё ҳадиси илоҳӣ меноманд. Ҳадисе аст, ки лафз ва маънояш аз сӯи Аллоҳ аст, вале хусусияти Қуръонро надорад ва хондани лафзаш монанди Қуръон ибодат нест ва барои хонданаш вузӯ гирифтан лозим нест. Ва монанди Қуръон дигаронро барои монанди он овардан ба чолиш нахондааст ва муъҷиза нест ва ғайра.
  2. Наҳйи аз озор расондан ба дӯстони Аллоҳ ва ташвиқ ба муҳаббати онон ва эътироф ба фазилаташон.
  3. Амр ба душманӣ бо душманони Аллоҳ ва таҳрими дӯстӣ бо онон.
  4. Касе даъвои дӯстӣ ва вилояти Аллоҳро кунад, аммо аз шариати Ӯ пайравӣ накунад, иддиояш дурӯғ аст.
  5. Вилояти илоҳӣ ва дӯстии Ӯ бо анҷом додани воҷибот ва тарки ҳаромҳояш ба даст меояд.
  6. Яке аз сабабҳои муҳаббати Аллоҳ ба бандааш ва иҷобати дуои ӯ, анҷом додани нафлҳо баъд аз ба ҷо овардани фарзҳо ва тарки ҳаромҳо аст.
  7. Ин ҳадис нишондиҳандаи шаъну шараф ва бартарии авлиёи Аллоҳ ва баландии мартабаи онон аст.

Намоиши тарҷумаҳо

63 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
RN Kirundi الكيروندي
KMR Kurmancî الكرمنجية
MS Bahasa Melayu الملايو