عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قال: قال رَسُولُ الله صلى الله عليه وسلم:
«إِنَّ اللهَ يَغَارُ، وَإِنَّ الْمُؤْمِنَ يَغَارُ، وَغَيْرَةُ اللهِ أَنْ يَأْتِيَ الْمُؤْمِنُ مَا حَرَّمَ عَلَيْهِ».

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح مسلم: 2761]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Аллоҳ ба ғайрат (рашк) меояд ва муъмин ба ғайрат меояд. Ва ғайрати Аллоҳ он аст, ки муъмин кореро, ки бар ӯ ҳаром шудааст, анҷом медиҳад."

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Муслим - 2761]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки Аллоҳ ғайратманд мешавад ва бад мебинад, ҳамонтавр ки муъмин ғайратманд мешаваду бад мебинад. Ва сабаби ғайрати Аллоҳ он аст, ки чизеро Аллоҳ аз гуноҳон ва зиштиҳо ҳаром сохта аст, монанди зино, ливота, дуздӣ, арақ нӯшидан ва дигар бадахлоқиҳо, муъмин онҳоро муртакиб мешавад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ҳушдор аз хашму ғазаби Аллоҳ Таъоло дар ҳолати поймол шудани корҳои ҳаром кардааш ва муртакиби гуноҳ шудан.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: الإنجليزية الأوردية الإسبانية Бештар (58)
Бештар