عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«اثْنَتَانِ فِي النَّاسِ هُمَا بِهِمْ كُفْرٌ: الطَّعْنُ فِي النَّسَبِ، وَالنِّيَاحَةُ عَلَى الْمَيِّتِ».
[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 67]
المزيــد ...
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ду хислат дар миёни мардум ҳаст, ки онҳо куфр ба шумор мераванд: айбҷӯӣ дар насаб ва нола кардан бар мурда."
[Саҳеҳ] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 67]
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ду хислате, ки дар байни мардум мунташир аст ва аз амалҳои куфрӣ ва ахлоқи ҷоҳилӣ ҳастанд, хабар медиҳад. Он ду хислат иборатанд аз:
1. Айбҷӯӣ ва паст задани насаби мардум ва такаббур бар онон.
2. Баланд кардани овоз дар вақти мусибат, нишон додани норозигӣ аз тақдири Худованд ва пора кардани либос аз шиддати андӯҳу нороҳатӣ.