1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Мисоли касе, ки Парвардигорашро ёд мекунад ва касе, ки Парвардигорашро ёд намекунад, мисоли зинда ва мурда аст

عَنْ أَبِي مُوسَى رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«مَثَلُ الَّذِي يَذْكُرُ رَبَّهُ وَالَّذِي لاَ يَذْكُرُ رَبَّهُ، مَثَلُ الحَيِّ وَالمَيِّتِ»، ولفظ مسلم: «مَثَلُ الْبَيْتِ الَّذِي يُذْكَرُ اللهُ فِيهِ، وَالْبَيْتِ الَّذِي لَا يُذْكَرُ اللهُ فِيهِ، مَثَلُ الْحَيِّ وَالْمَيِّتِ».

Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Мисоли касе, ки Парвардигорашро ёд мекунад ва касе, ки Парвардигорашро ёд намекунад, мисоли зинда ва мурда аст". Ва дар ривояти Муслим омадааст: "Мисоли хонае, ки дар он Худованд ёд карда мешавад ва хонае, ки дар он Худованд ёд карда намешавад, мисоли зинда ва мурда аст."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 6407

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фарқ миёни касе, ки Худоро ёд мекунад ва касе, ки ёд намекунад, баён кардаанд, ки мисли фарқ байни зинда ва мурда аст. Касе, ки Худовандро ёд мекунад, мисли зиндаест, ки зоҳираш бо нури ҳаёт ороста аст ва ботинаш бо нури маърифат равшан ва дар ӯ нафъ ҳаст. Аммо касе, ки Худоро ёд намекунад, мисли мурдаест, ки зоҳираш аз кор афтода ва ботинаш беарзиш аст ва нафъе дар ӯ нест.
Ҳамчунин хона низ бо ҳаёт тавсиф мешавад агар сокинонаш Худоро ёд кунанд, вагарна он хона мурда шуморида мешавад, зеро сокинонаш аз зикри Худованд ғофиланд. Ҳангоме ки "зинда" ё "мурда" ба хона нисбат дода мешавад, дар асл манзур сокинони он хона мебошанд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Тарғиб ба зикри Худо ва ҳушдор аз ғофил мондан аз он.
  2. Зикри Худо ҳаёти рӯҳ аст, чунон ки рӯҳ ҳаёти ҷисм аст.
  3. Аз суннати Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин аст, ки барои фаҳмондани маънӣ зарбулмасалҳо меоварданд.
  4. Имом Нававӣ мегӯяд: Дар ин ҳадис ташвиқ ба зикри Худо дар хона аст ва лозим аст, ки хона аз зикри Худо холӣ набошад.
  5. Имом Нававӣ ҳамчунин мегӯяд: Зиндагии тӯлонӣ дар итоати Худо фазилат аст, ҳарчанд, ки мурда (и некӯкор) ба некӣ меравад, зеро зинда метавонад ба дараҷаи мурда расад ва бо тоати бештар аз он пеш равад.

Намоиши тарҷумаҳо

51 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية