عَنْ أَبِي مُسْلِمٍ الْخَوْلَانِيِّ، قَالَ: حَدَّثَنِي الْحَبِيبُ الْأَمِينُ، أَمَّا هُوَ فَحَبِيبٌ إِلَيَّ، وَأَمَّا هُوَ عِنْدِي فَأَمِينٌ، عَوْفُ بْنُ مَالِكٍ الْأَشْجَعِيُّ رضي الله عنه قَالَ:
كُنَّا عِنْدَ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، تِسْعَةً أَوْ ثَمَانِيَةً أَوْ سَبْعَةً، فَقَالَ: «أَلَا تُبَايِعُونَ رَسُولَ اللهِ؟» وَكُنَّا حَدِيثَ عَهْدٍ بِبَيْعَةٍ، فَقُلْنَا: قَدْ بَايَعْنَاكَ يَا رَسُولَ اللهِ، ثُمَّ قَالَ: «أَلَا تُبَايِعُونَ رَسُولَ اللهِ؟» فَقُلْنَا: قَدْ بَايَعْنَاكَ يَا رَسُولَ اللهِ، ثُمَّ قَالَ: «أَلَا تُبَايِعُونَ رَسُولَ اللهِ؟» قَالَ: فَبَسَطْنَا أَيْدِيَنَا وَقُلْنَا: قَدْ بَايَعْنَاكَ يَا رَسُولَ اللهِ، فَعَلَامَ نُبَايِعُكَ؟ قَالَ: «عَلَى أَنْ تَعْبُدُوا اللهَ وَلَا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا، وَالصَّلَوَاتِ الْخَمْسِ، وَتُطِيعُوا -وَأَسَرَّ كَلِمَةً خَفِيَّةً- وَلَا تَسْأَلُوا النَّاسَ شَيْئًا» فَلَقَدْ رَأَيْتُ بَعْضَ أُولَئِكَ النَّفَرِ يَسْقُطُ سَوْطُ أَحَدِهِمْ، فَمَا يَسْأَلُ أَحَدًا يُنَاوِلُهُ إِيَّاهُ.
المزيد
Аз Абумуслими Хавлонӣ ривоят аст, ки гуфт: Шахси маҳбуб ва амин барои ман гуфт, аммо ӯ барои ман маҳбуб ва наздам амин аст. Авф ибни Молики Ашҷаъӣ (разияллоҳу анҳу) гуфт:
Мо нуҳ ё ҳашт ё ҳафт нафар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будем. Он Ҳазрат фармуд: "Оё бо Паёмбари Аллоҳ байъат намекунед?" Мо чанде пеш байъат карда будем. Пас гуфтем: Бо шумо байъат кардаем, эй Расули Аллоҳ. Сипас гуфт: "Оё бо Паёмбари Аллоҳ байъат намекунед?" Пас гуфтем: Бо шумо байъат кардаем, эй Расули Аллоҳ. Сипас гуфт: " Оё бо Паёмбари Аллоҳ байъат намекунед?" Ровӣ мегӯяд: Дастонамонро дароз кардем ва гуфтем: Бо шумо байъат кардаем эй Расули Аллоҳ! Пас бар чӣ чизе бо шумо байъат кунем? Фармуд:"Бар ин ки Аллоҳро ибодат кунед ва чизеро ба Ӯ шарик наёваред ва намозҳои панҷгонаро адо кунед. Ва ин ки итоат кунед - ва чизеро паст гуфт нафаҳмидем - ва аз мардум чизе напурсед". Баъзе аз он афродро дидам, ки тозиёнааш аз дасташ меафтод ва аз касе дархост намекард, ки онро ба дасти ӯ бидиҳад.