1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Ҳар гурӯҳе аз маҷлисе бархезанд ва дар он маҷлис Худовандро зикр накарда бошанд, гӯё аз лошаи хари мурдае бархостаанд ва он маҷлис барои онҳо сабаби ҳасрат (пушаймонӣ) хоҳад шуд

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«مَا مِنْ قَوْمٍ يَقُومُونَ مِنْ مَجْلِسٍ لَا يَذْكُرُونَ اللَّهَ فِيهِ إِلَّا قَامُوا عَنْ مِثْلِ جِيفَةِ حِمَارٍ، وَكَانَ لَهُمْ حَسْرَةً».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар гурӯҳе аз маҷлисе бархезанд ва дар он маҷлис Худовандро зикр накарда бошанд, гӯё аз лошаи хари мурдае бархостаанд ва он маҷлис барои онҳо сабаби ҳасрат (пушаймонӣ) хоҳад шуд."

Саҳеҳ رواه أبو داود Сунани Абудовуд - 4855

Шарҳ

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки ҳеҷ гурӯҳе нест, ки дар маҷлисе нишаста бошанд ва аз он бе ёди Худо бархезанд, магар ин ки монанди касоне ҳастанд, ки гирди ҷасади хари мурдае ҷамъ шудаанд, ки пур аз бӯй ва ифлосист. Ин аз он сабаб аст, ки онҳо худро бо суханҳое машғул карданд, ки дар он зикри Худо набуд. Пас он маҷлис дар рӯзи қиёмат барои онҳо сабаби пушаймонӣ, камбудӣ ва надомат хоҳад буд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Он чи ки дар бораи ҳушдор аз ғофилӣ аз зикри Худо зикр шуд, танҳо ба маҷлисҳо маҳдуд намешавад, балки тамоми ҳолатҳоро дар бар мегирад. Имом Нававӣ мегӯяд: Барои касе, ки дар ҷойе нишастааст, макруҳ аст, ки пеш аз зикри Худо онро тарк кунад.
  2. Ҳасрате, ки дар рӯзи қиёмат ба онҳо мерасад, ё ба сабаби аз даст додани аҷру савоб аст, зеро вақташонро дар тоати Худо нагузарониданд, ё ба сабаби гуноҳ ва азоб, ки вақташонро бо маъсиятҳои Худо гузаронданд.
  3. Ин ҳушдор барои ғафлат дар гуфтугӯҳои мубоҳ аст, пас агар маҷлисҳо ҳаром бошанд, мисли ғайбат, суханчинӣ ва дигар гуноҳҳо, ҳолашон чӣ гуна хоҳад буд?!

Намоиши тарҷумаҳо

51 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية