عَنْ أَبٍي سَعِيدٍ الخُدْرِيَّ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ:
أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ جَلَسَ ذَاتَ يَوْمٍ عَلَى المِنْبَرِ وَجَلَسْنَا حَوْلَهُ، فَقَالَ: «إِنِّي مِمَّا أَخَافُ عَلَيْكُمْ مِنْ بَعْدِي، مَا يُفْتَحُ عَلَيْكُمْ مِنْ زَهْرَةِ الدُّنْيَا وَزِينَتِهَا» فَقَالَ رَجُلٌ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، أَوَيَأْتِي الخَيْرُ بِالشَّرِّ؟ فَسَكَتَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقِيلَ لَهُ: مَا شَأْنُكَ؟ تُكَلِّمُ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَلاَ يُكَلِّمُكَ؟ فَرَأَيْنَا أَنَّهُ يُنْزَلُ عَلَيْهِ؟ قَالَ: فَمَسَحَ عَنْهُ الرُّحَضَاءَ، فَقَالَ: «أَيْنَ السَّائِلُ؟» وَكَأَنَّهُ حَمِدَهُ، فَقَالَ: «إِنَّهُ لاَ يَأْتِي الخَيْرُ بِالشَّرِّ، وَإِنَّ مِمَّا يُنْبِتُ الرَّبِيعُ يَقْتُلُ أَوْ يُلِمُّ، إِلَّا آكِلَةَ الخَضْرَاءِ، أَكَلَتْ حَتَّى إِذَا امْتَدَّتْ خَاصِرَتَاهَا اسْتَقْبَلَتْ عَيْنَ الشَّمْسِ، فَثَلَطَتْ وَبَالَتْ، وَرَتَعَتْ، وَإِنَّ هَذَا المَالَ خَضِرَةٌ حُلْوَةٌ، فَنِعْمَ صَاحِبُ المُسْلِمِ مَا أَعْطَى مِنْهُ المِسْكِينَ وَاليَتِيمَ وَابْنَ السَّبِيلِ - أَوْ كَمَا قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ - وَإِنَّهُ مَنْ يَأْخُذُهُ بِغَيْرِ حَقِّهِ، كَالَّذِي يَأْكُلُ وَلاَ يَشْبَعُ، وَيَكُونُ شَهِيدًا عَلَيْهِ يَوْمَ القِيَامَةِ».
المزيد
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Рӯзе Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар минбар нишаста буд, мо низ дар атрофи ӯ нишаста будем. Фармуданд: "Аз чизҳое, ки баъд аз марги худ бар шумо метарсам, ин аст, ки дарҳои зебоӣ ва зинатҳои дунё ба рӯи шумо кушода шаванд". Марде гуфт: Эй Расули Худо! Оё хайр, шар меоварад? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хомӯш монд. Ба он мард гуфтанд: Чӣ шудааст туро? Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳарф мезанӣ, дар ҳоле ки ӯ бо ту ҳарф намезанад? Мо дидем, ки бар ӯ ваҳй нозил мешавад. Баъд аз он Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) арақи худро пок карда, фармуд: "Саволдиҳанда куҷост?", гӯё ӯро таъриф кард. Сипас фармуд: "Хайр ҳаргиз шар намеоварад. Ва аз он чи баҳори сабз мерӯёнад, баъзан мекушад ё наздик ба ҳалокат мекунад, ҷуз ҳайвоноте, ки хӯроки сабзи нарм мехӯранд, онҳо мехӯранд то ду паҳлӯяшон варам кунад, баъд ба сӯи офтоб рӯ меоранд ва наҷосат меандозанд, пешоб мекунанд ва боз чаро мекунанд. Ин мол низ сабзу ширин аст. Чӣ хуб моле аст барои мусалмон, агар онро ба мискин, ятим ва мусофир диҳад — ё чунон ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд — аммо касе, ки онро ба ғайри ҳақ мегирад, мисли касест, ки мехӯрад ва сер намешавад. Ва он мол дар рӯзи қиёмат бар ӯ гувоҳ хоҳад буд."