1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис ва барояшон ҳаммонанди таҳорати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳорат кард

عَنْ يحيى بنِ عُمَارةَ المَازِنِيِّ قَالَ:
شَهِدْتُ عَمْرَو بْنَ أَبِي حَسَنٍ سَأَلَ عَبْدَ اللَّهِ بْنَ زَيْدٍ، عَنْ وُضُوءِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَدَعَا بِتَوْرٍ مِنْ مَاءٍ، فَتَوَضَّأَ لَهُمْ وُضُوءَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَأَكْفَأَ عَلَى يَدِهِ مِنَ التَّوْرِ، فَغَسَلَ يَدَيْهِ ثَلاَثًا، ثُمَّ أَدْخَلَ يَدَهُ فِي التَّوْرِ، فَمَضْمَضَ وَاسْتَنْشَقَ وَاسْتَنْثَرَ، ثَلاَثَ غَرَفَاتٍ، ثُمَّ أَدْخَلَ يَدَهُ فَغَسَلَ وَجْهَهُ ثَلاَثًا، ثُمَّ غَسَلَ يَدَيْهِ مَرَّتَيْنِ إِلَى المِرْفَقَيْنِ، ثُمَّ أَدْخَلَ يَدَهُ فَمَسَحَ رَأْسَهُ، فَأَقْبَلَ بِهِمَا وَأَدْبَرَ مَرَّةً وَاحِدَةً، ثُمَّ غَسَلَ رِجْلَيْهِ إِلَى الكَعْبَيْنِ.

Аз Яҳё ибни Ъумораи Алмозинӣ ривоят аст, ки гуфт:
Амр ибни Абуҳасанро дидам, ки аз Абдуллоҳ ибни Зайд дар бораи таҳорати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мепурсид. Пас ӯ зарфи кӯчаке аз об хост ва барояшон ҳаммонанди таҳорати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳорат кард. Аз зарфи об ба дасташ об рехт ва се бор дастонашро шуст, сипас дасташро ба зарф дароварда об гирифт ва се бор бо се панҷа об мазмаза, истиншоқ ва истинсор кард. Сипас дасташро ба зарф дароварда об гирифт ва се бор рӯяшро шуст. Сипас дастонашро ду бор то ориҷ шуст, сипас дасташро дохили зарф кард ва сарашро масҳ кашид, дар масҳ дастонашро аз пеши сар ба пушт бурда бозгардонд, сипас пойҳояшро то буҷулак шуст.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 186

Шарҳ

Абдуллоҳ ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) ба таври амалӣ таҳорат кардани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро баён намуд. Як зарфи хурди об хост. Ва аввал бо шустани кафи дастонаш оғоз кард, сипас зарфро хам карда, каме об рехт ва онҳоро се маротиба берун аз зарф шуст. Сипас дасташро вориди зарф намуда, се мушт об бардошт ва бо ҳар мушти аз об як бор мазмаза (об дар даҳон андохтан) ва истиншоқ (бо ҳамроҳи нафас обро дар бинӣ кардан) ва истинсор (обро аз бинӣ баровардан) кард. Сипас аз зарф об гирифта рӯяшро се бор шуст. Сипас аз зарф об гирифта дастонашро то оринҷ ду борӣ шуст. Сипас дастонашро дар зарф фурӯ бурд ва бо дастонаш сарашро масҳ кашид. Ба ин шакл масҳ кашид, аз пеши сараш шуруъ карда то пушти сараш, яъне болои гарданро аз пушт масҳ кашид, пас дасташро баргардонид то ҳамон ҷое, ки масҳро оғоз карда буд (пешонӣ). Сипас пойҳояшро то буҷулак шуст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Рафтори муаллим наздиктарин василаи фаҳмиш ва мустаҳкам шудани илм назди донишомӯз аст. Аз ҷумлаи таълим омӯзиши амалӣ аст.
  2. Се бор шустани баъзе аз узвҳо ва ду бор шустани баъзеаш ҷоиз аст ва як бор шустан воҷиб аст.
  3. Бо тартиб шустани узвҳо чуноне, ки дар ҳадис омадааст, воҷиб аст.
  4. Ҳадди рӯй аз назари тӯл, аз хатти мӯйи муқаррарӣ то дарозии ришу манаҳ ва аз назари паҳноӣ, аз гӯш то гӯш аст.

Намоиши тарҷумаҳо

59 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية