عَنْ عَمَّارِ بنِ ياسِرٍ رضي الله عنه قال:
بَعَثَنِي رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي حَاجَةٍ، فَأَجْنَبْتُ فَلَمْ أَجِدِ الْمَاءَ، فَتَمَرَّغْتُ فِي الصَّعِيدِ كَمَا تَمَرَّغُ الدَّابَّةُ ثُمَّ أَتَيْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَذَكَرْتُ ذَلِكَ لَهُ فَقَالَ: «إِنَّمَا كَانَ يَكْفِيكَ أَنْ تَقُولَ بِيَدَيْكَ هَكَذَا» ثُمَّ ضَرَبَ بِيَدَيْهِ الْأَرْضَ ضَرْبَةً وَاحِدَةً، ثُمَّ مَسَحَ الشِّمَالَ عَلَى الْيَمِينِ، وَظَاهِرَ كَفَّيْهِ وَوَجْهَهُ.

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح مسلم: 368]
المزيــد ...

Аз Аммор ибни Ёсир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) манро барои коре фиристод, ҷунуб шудам ва об наёфтам, (ки ғусл кунам). Пас дар хок ғел задам чунон ки ҳайвон худашро дар хок меғелонад. Сипас ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омадам ва онро барояш нақл кардам. Он ҳазрат фармуд: "Бароят басанда буд, ки бо дастонат чунин букунӣ". Сипас дастонашро як бор дар замин зад ва бо дасти чап дасти росташ ва пушти дастонаш ва рӯяшро масҳ кард.

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Муслим - 368]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Аммор ибни Ёсирро барои баъзе ниёзҳояш ба сафар фиристод, пас ӯ ба сабаби алоқаи ҷинсӣ ё баромадани манӣ аз рӯйи шаҳват дучори ҷанобат шуд ва барои ғусл кардан об наёфт. Ва дар он вақт ҳукми таяммумро намедонист, балки медонист, ки таяммум барои ҳадаси асғар ва бетаҳорати аст. Бинбар ин иҷтиҳод кард ва гумон кард, ки ҳамон гуна, ки барои бетаҳоратӣ бо хоки рӯйи замин бар баъзе узвҳои баданаш масҳ мекунад, барои таяммум аз ҷанобат низ бояд хокро ба ҳамаи баданаш бирасонад ва ин аз рӯйи қиёси хок бар об буд. Пас дар хок ғел зад, то он ки хок ба ҳамаи баданаш бирасад ва сипас намоз хонд. Ҳангоме ки назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад, ин воқеаро барояшон нақл кард, то бубинад, ки оё кораш дуруст будааст ё хато. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барояш чӣ гуна пок шудан аз ҳадаси асғар (бетаҳоратӣ), монанди пешоб ва ҳадаси акбар, монанди ҷанобатро тавзеҳ дод, ки он чӣ гуна аст: Бо дастонаш як бор бар хок зарба бизанад, сипас дасти чапро бар дасти рост ва пушти дастонаш ва рӯяш масҳ кунад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ҷустуҷӯи об пеш аз таяммум воҷиб аст.
  2. Барои касе, ки ҷунуб аст ва об намеёбад таяммум кардан ҷоиз аст.
  3. Таяммум барои ҳадаси акбар, монанди таяммум барои ҳадаси асғар аст.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: الإنجليزية الأوردية الإسبانية Бештар (59)
Бештар