1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Даъват ва ҳисба

Ҳадис Агар мардум золимеро бубинанд ва бар зидди ӯ чорае наандешанд (аз зулми ӯ пешгирӣ накунанд) наздик аст, ки Аллоҳ ҳамаашонро дучори муҷозоте аз сӯи Худ кунад

عَنْ أَبِي بَكْرٍ الصِّدِّيقِ رضي الله عنه أَنَّهُ قَالَ: أَيُّهَا النَّاسُ، إِنَّكُمْ تَقْرَؤُونَ هَذِهِ الآيَةَ: {يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا عَلَيْكُمْ أَنْفُسَكُمْ لاَ يَضُرُّكُمْ مَنْ ضَلَّ إِذَا اهْتَدَيْتُمْ}، وَإِنِّي سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«إِنَّ النَّاسَ إِذَا رَأَوْا الظَّالِمَ فَلَمْ يَأْخُذُوا عَلَى يَدَيْهِ أَوْشَكَ أَنْ يَعُمَّهُمُ اللَّهُ بِعِقَابٍ مِنْهُ».

Аз Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки фармуд: Эй мардум, ин оятро мехонед: (Эй касоне, ки имон овардаед, муроқиби [имон ва тоати] худ бошед. Агар ҳидоят ёфта бошед, гумроҳии касоне, ки гумроҳ шудаанд, ба шумо зиёне намерасонад.) (Сураи Моида, ояти 105). Ва ман аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки мефармуд:
"Агар мардум золимеро бубинанд ва бар зидди ӯ чорае наандешанд (аз зулми ӯ пешгирӣ накунанд) наздик аст, ки Аллоҳ ҳамаашонро дучори муҷозоте аз сӯи Худ кунад."

Саҳеҳ رواه أبو داود والترمذي والنسائي في الكبرى وابن ماجه وأحمد Сунани Тирмизӣ - 2168

Шарҳ

Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки мардум ин оятро мехонанд:
(Эй касоне, ки имон овардаед, муроқиби [имон ва тоати] худ бошед. Агар ҳидоят ёфта бошед, гумроҳии касоне, ки гумроҳ шудаанд, ба шумо зиёне намерасонад.) (Сураи Моида, ояти 105.)
Ва аз он чунин мефаҳманд, ки инсон бояд танҳо барои ислоҳи худ талош кунад ва баъд аз он гумроҳии гумроҳон ба ӯ осебе намерасонад ва аз онҳо амри ба маъруф ва наҳй аз мункар матлуб нест!
Пас онҳоро фаҳмонид, ки ин тавр нест ва ӯ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидааст, ки мефармуд: Агар мардум золимеро бубинанд ва бо вуҷуди тавоноӣ ӯро аз зулмаш бознадоранд, наздик аст, ки Аллоҳ ҳамаи ононро гирифтори муҷозоти фарогири Худ қарор диҳад. Ин муҷозот шомили ҳам оне, ки муртакиби мункар шудааст ва ҳам он ки дар ин кор хомӯширо ихтиёр кардааст, мегардад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Вазифаи мусалмонон аст, ки якдигарро насиҳат кунанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд.
  2. Ҷазои умумии Аллоҳ золимро барои зулми худ дар бар мегирад ва инчунин касонеро дар бар мегирад, ки дар баробари золим бо вуҷуди тавоноияшон бар инкори мункар, хомӯширо ихтиёр кардаанд.
  3. Ба мардум таълими дуруст додан ва ба онҳо дуруст фаҳмондани матнҳои Қуръон.
  4. Инсон бояд ба фаҳми дурусти китоби Аллоҳ таваҷҷуҳ нишон диҳад, то мабодо онро бар ғайри манзури илоҳӣ маъно кунад.
  5. Ҳидоят бо тарки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ҳосил намешавад.
  6. Тафсири дурусти оят: Худро аз гуноҳон ҳифз кунед. Агар худро аз гуноҳ ҳифз кардед, дар ҳоле ки аз анҷоми амр ба маъруф ва наҳй аз мункар нотавон бошед, гумроҳии касе, ки бо анҷом додани корҳои ҳаром гумроҳ мешавад, ба шумо зиёне намерасонад.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية