عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«قَارِبُوا وَسَدِّدُوا، وَاعْلَمُوا أَنَّهُ لَنْ يَنْجُوَ أَحَدٌ مِنْكُمْ بِعَمَلِهِ» قَالُوا: يَا رَسُولَ اللهِ وَلَا أَنْتَ؟ قَالَ: «وَلَا أَنَا، إِلَّا أَنْ يَتَغَمَّدَنِيَ اللهُ بِرَحْمَةٍ مِنْهُ وَفَضْلٍ».
المزيد
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Роҳи рост ва миёнаравиро дар пеш бигиред ва дурусткору устувор бошед (яъне, амалҳои худро бо ихлос ва мувофиқи суннат анҷом диҳед) ва бидонед, ки ҳеҷ яке аз шумо бо амалаш наҷот намеёбад." Саҳобаҳо пурсиданд: Эй Расули Худо, ҳатто шумо ҳам? Фармуд: "Ҳатто ман ҳам, магар ин ки Худованд маро бо раҳмат ва фазли хеш фаро гирад."