عن عثمان بن عفان رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:
«مَنْ تَوَضَّأَ فَأَحْسَنَ الْوُضُوءَ خَرَجَتْ خَطَايَاهُ مِنْ جَسَدِهِ حَتَّى تَخْرُجَ مِنْ تَحْتِ أَظْفَارِهِ».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 245]
المزيــد ...

Аз Усмон ибни Аффон (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
"Ҳар кӣ таҳорат кунад ва онро нек анҷом диҳад, гуноҳони ӯ аз баданаш, ҳатто аз зери нохунҳояш берун меояд".

[صحيح] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 245]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд, ки ҳар кӣ таҳорат кунад ва одобу суннатҳои онро риоя кунад аз сабабҳои пок шудани гуноҳони ӯ мегардад, то онҷо ки ҳатто гуноҳонаш аз зери нохунҳои дасту пояш берун меояд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ташвиқи мардум барои омӯзиши таҳорат, бо риояи суннат ва одоби вузуъ ва амал кардан ба он.
  2. Фазилати таҳорат ва инки (риояи суннат ва одоби он) сабаби каффораи гуноҳони хурд аст, аммо барои гуноҳони кабира бояд тавба кард.
  3. Шарти рехтани гуноҳон, пурра ва бидуни камбуд анҷом додани таҳорат аст, чунончи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд.
  4. Каффораи гуноҳон дар ҳадиси мазкур ба шарти дурӣ аз гуноҳони кабира ва тавба аз онон маҳдуд шудааст, Худованд мефармояд: "[Эй муъминон] Агар аз гуноҳони бузурге, ки аз он наҳй шудаед, дурӣ кунед, гуноҳон [-и сағиратон]-ро аз шумо мезудоем ва шуморо дар ҷойгоҳи шоистаи [биҳишт] ворид мекунем". (Сураи Нисо: 31)
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: Англисӣ Урду Испонӣ Бештар (62)
Бештар