عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«إِذَا اسْتَيْقَظَ أَحَدُكُمْ مِنْ مَنَامِهِ فَلْيَسْتَنْثِرْ ثَلَاثَ مَرَّاتٍ، فَإِنَّ الشَّيْطَانَ يَبِيتُ عَلَى خَيَاشِيمِهِ».

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح مسلم: 238]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар вақт яке аз шумо аз хоб бедор шуд, (ва қасди вузӯ кард) бояд се бор обро дар бинӣ кунад ва онро бо фишор берун андозад, зеро шайтон шабро дар бинии ӯ мегузаронад."

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Муслим - 238]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ташвиқ карданд, ки ҳар вақт касе аз хоб бедор шуд, се бор "истинсор" кунад. Истинсор, яъне баровардани об аз бинӣ пас аз ворид кардани об ба он, зеро шайтон шабро дар "хайшум"-и инсон мегузаронад ва хайшум ҳамаи бинӣ аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ҳар касе, ки аз хоб бедор мешавад, мустаҳаб аст, ки бо бинӣ афшондан (истинсор) осори шайтонро аз бинияш пок кунад. Агар қасди вузӯ гирифтан дошта бошад, дар ин ҳолат истинсор барои ӯ таъкиди бештар дорад.
  2. Истинсор сабаби пурра шудани фоидаи истиншоқ аст, зеро истиншоқ тоза кардани дохили бинӣ аст, вале истинсор бо об баровардани ифлосиҳои бинӣ аст.
  3. Маҳдуд шудани истинсор ба хоби шаб аз калимаи "ябит" (хоби шаб) гирифта шудааст, зеро ин ҳолат танҳо дар хоби шабона рух медиҳад, чун хоби шаб дароз ва тӯлонӣ аст.
  4. Дар ин ҳадис далели муоширати шайтон бо инсон аст, бе он ки ӯ эҳсос кунад.
Намоиши тарҷумаҳо