عَن عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عُمَرَ رضي الله عنهما قَالَ: سُئِلَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَنِ الْمَاءِ وَمَا يَنُوبُهُ مِنَ الدَّوَابِّ وَالسِّبَاعِ، فَقَالَ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«إِذَا كَانَ الْمَاءُ قُلَّتَيْنِ لَمْ يَحْمِلِ الْخَبَثَ».
[صحيح] - [رواه أبو داود والترمذي والنسائي وابن ماجه وأحمد] - [سنن أبي داود: 63]
المزيــد ...
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи обе, ки чаҳорпоён ва дарандагон аз он менӯшанд (ва эҳтимол онро ифлос кунанд), пурсида шуд. Паёмбар Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Обе, ки ба андозаи ду "қулла" (зарфи калон) бошад, наҷосатро дар бар намегирад."
[Саҳеҳ] - [رواه أبو داود والترمذي والنسائي وابن ماجه وأحمد] - [Сунани Абудовуд - 63]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ҳукми вузӯ гирифтан аз обе, ки ҳайвонҳо ва ваҳшиҳо барои нӯшидан меоянд, пурсида шуд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: агар ҳаҷми об ба андозаи ду зарфи калон (баробар ба 210 литр) расад, он оби зиёд аст ва наҷис намешавад, магар ин ки яке аз се хусусияти он: ранг, бӯй ё маззаи он бо олудагӣ тағйир ёбад.