عَن أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ:
سَأَلَ رَجُلٌ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَ: يَا رَسُولَ اللهِ، إِنَّا نَرْكَبُ البَحْرَ، وَنَحْمِلُ مَعَنَا القَلِيلَ مِنَ الْمَاءِ، فَإِنْ تَوَضَّأْنَا بِهِ عَطِشْنَا، أَفَنَتَوَضَّأُ مِنَ الْبَحْرِ؟ فَقَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «هُوَ الطَّهُورُ مَاؤُهُ، الحِلُّ مَيْتَتُهُ».

[صحيح] - [رواه أبو داود والترمذي والنسائي وابن ماجه وأحمد] - [سنن الترمذي: 69]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Марде аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Эй Расулуллоҳ, мо ба баҳр сафар мекунем ва ҳамроҳи худ оби каме мегирем, агар бо он об вузӯ бигирем, ташна мемонем, оё метавонем бо оби баҳр вузӯ бигирем? Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оби баҳр пок аст (барои вузӯ гирифтан), (ҳайвони) мурдаи он ҳалол аст."

[Саҳеҳ] - [رواه أبو داود والترمذي والنسائي وابن ماجه وأحمد] - [Сунани Тирмизӣ - 69]

Шарҳ

Марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки мо дар баҳр бо киштиҳо барои шикор ё тиҷорат ва дигар корҳо сафар мекунем ва бо худ каме оби нӯшиданӣ мебарем. Агар он обро барои вузӯ ва ғусл истеъмол кунем, тамом мешавад ва бароямон оби нӯшидани намемонад. Оё барои мо ҷоиз аст, ки бо оби баҳр вузӯ бигирем?
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: оби баҳр пок ва поккунанда аст, вузӯ ва ғусл кардан бо он ҷоиз аст. Инчунин хӯрдани он чи аз он берун меояд, монанди моҳӣ, наҳанг ва ғайра ҷоиз аст, ҳатто агар онҳо мурда дар болои об ва бе шикори одамӣ бошад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Мурдаи ҳайвони баҳр ҳалол аст. Мақсад аз мурдаи он ин аст, ки ҷонвароне, ки танҳо дар баҳр зиндагӣ мекунанд ва дар он мемиранд, мурдаи онҳо ҳалол ҳисоб мешавад.
  2. Посухи бештар аз пурсиши саволкунанда барои комил шудани фоида.
  3. Об агар таъм, ранг ё бӯйи он бо чизе пок тағйир ёбад, ҳанӯз ҳам покӣ ва поккунандагии худро нигоҳ медорад, то даме ки об бо асли худ боқӣ монда бошад, ҳатто агар шӯрӣ, гармӣ ё сарди ва монанди ин дар он зиёд шавад.
  4. Оби баҳр наҷосатҳои бузург (ҷанобат) ва хурдро (бе вузӯ) аз байн мебарад ва ҳар гуна наҷосатеро, ки бар тани одам, либос ё дигар чизҳо афтода бошад, пок мекунад.
Намоиши тарҷумаҳо