عَنْ أَبِي أَيُّوبَ الأَنْصَارِيِّ رضي الله عنه أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«إِذَا أَتَيْتُمُ الغَائِطَ فَلاَ تَسْتَقْبِلُوا القِبْلَةَ، وَلاَ تَسْتَدْبِرُوهَا وَلَكِنْ شَرِّقُوا أَوْ غَرِّبُوا» قَالَ أَبُو أَيُّوبَ: فَقَدِمْنَا الشَّأْمَ فَوَجَدْنَا مَرَاحِيضَ بُنِيَتْ قِبَلَ القِبْلَةِ فَنَنْحَرِفُ، وَنَسْتَغْفِرُ اللَّهَ تَعَالَى.

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 394]
المزيــد ...

Аз Абуаюби Ансорӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳаргоҳ ба қазои ҳоҷат рафтед на рӯ ба қибла кунед на пушт ба қибла, балки рӯ ба тарафи шарқ ва ғарб кунед". Абуаюб гуфт: Чун ба Шом рафтем ҳоҷатхонаҳое дидем, ки рӯ ба қибла сохта шуда буданд ва чун вориди он мешудем худро аз тарафи қибла ба дигар тараф рӯй гардонда аз Аллоҳ Таъоло талаби мағфират мекардем.

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 394]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) касеро, ки қасди қазои ҳоҷат дорад наҳй кардааст, ки ҳангоми қазои ҳоҷат рӯ ё пушт ба қибла ва тарафи Каъба кунад, балки агар қиблааш монанди қиблаи аҳли Мадина бошад, рӯ ба тарафи шарқ ё ғарб кунад. Сипас Абуаюб (разияллоҳу анҳу) нақл кард, ки вақте онҳо ба Шом рафтанд дар онҷо ҳоҷатхонаҳоеро диданд, ки барои қазои ҳоҷат, рӯ ба сӯи Каъба сохта шуда буданд. Бинобар ин онҳо баданҳояшонро дар ҳоли қазои ҳоҷат аз самти қибла ба дигар тараф мегардонданд ва бо ин ҳол аз Аллоҳ талаби мағфират мекарданд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ҳикмат дар ин кор эҳтиром ва таъзими Каъбаи муқаддас аст.
  2. Талаби мағфират кардан баъд аз баромадан аз ҳоҷатхона.
  3. Таълимотаи неки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам). Зеро вақте мамнуъро зикр карданд, дар баробари он ба ҷоиз ишора намуданд.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: الإنجليزية الأوردية الإسبانية Бештар (57)
Бештар