عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: إِنَّ رَسُولَ اللهِ صلى الله عليه وسلم قَالَ:
«إِذَا شَرِبَ الْكَلْبُ فِي إِنَاءِ أَحَدِكُمْ فَلْيَغْسِلْهُ سَبْعًا». ولمسلم: « أولاهُنَّ بالتُراب».

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 172]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Агар саг дар зарфи яке аз шумо бинӯшад, бояд онро ҳафт бор бишӯяд". Дар ривояти Муслим ин изофа омадааст: "Нахустини он (шустан) бо хок бошад."

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 172]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дастур доданд, ки агар саг забонашро дар даруни зарф андозад, бояд он зарф ҳафт бор шуста шавад, бори аввал бо хок, то ин ки покии комил аз наҷосат ва олудагии даҳони саг бартараф шавад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Оби даҳони саг (луоб) наҷис аст, наҷосати муғаллаза аст.
  2. Саге, ки зарфро лесид ё аз он об хӯрд, он зарф ва оберо, ки дар он аст, наҷис месозад.
  3. Пок кардан бо хок ва такрори ҳафт бор махсус ба поксозӣ аз оби даҳони саг аст, на пешоб, мадфуъ ё дигар ашёе, ки саг олуда кардааст.
  4. Тарзи шустани зарф бо хок: дар зарф об мерезад ва ба он хок илова мекунад, сипас бо ин омехта зарфро мешӯяд.
  5. Зоҳири ҳадис умумӣ аст барои ҳамаи сагҳо, ҳатто сагҳое, ки шаръ иҷозат додааст, мисли сагҳои шикорӣ, посбонӣ ва сагӣ рама.
  6. Собун ва шуяндаҳои монанди он ҷои хокро гирифта наметавонанд, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) махсусан хокро ном бурдааст.
Намоиши тарҷумаҳо