عَنْ أَنَسٍ رضي الله عنه قَالَ:
كَانَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُكْثِرُ أَنْ يَقُولَ: «يَا مُقَلِّبَ القُلُوبِ ثَبِّتْ قَلْبِي عَلَى دِينِكَ»، فَقُلْتُ: يَا رَسُولَ اللهِ، آمَنَّا بِكَ وَبِمَا جِئْتَ بِهِ فَهَلْ تَخَافُ عَلَيْنَا؟ قَالَ: «نَعَمْ، إِنَّ القُلُوبَ بَيْنَ أُصْبُعَيْنِ مِنْ أَصَابِعِ اللهِ يُقَلِّبُهَا كَيْفَ يَشَاءُ».

[صحيح] - [رواه الترمذي وأحمد] - [سنن الترمذي: 2140]
المزيــد ...

Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоро зиёд мегуфтанд: "Ё Муқаллибал-қулуб, саббит қалбӣ ъало диника". Тарҷума: "Эй дигаргункунандаи дилҳо, диламро бар динат устувор бигардон." Гуфтам: Эй Расули Худо, мо ба шумо ва он чиро, ки овардаед, имон овардем, оё боз ҳам барои мо тарс доред? Фармуданд: "Бале, зеро дилҳо миёни ду ангуште аз ангуштони Аллоҳ ҳастанд, ки онро ҳар тавре хоҳад, мегардонад."

[Саҳеҳ] - [رواه الترمذي وأحمد] - [Сунани Тирмизӣ - 2140]

Шарҳ

Бисёре аз дуоҳои Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дархости устувор мондан бар дин ва тоат ва паноҳ бурдан аз каҷравӣ ва гумроҳӣ буд. Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) аз ин ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоро зиёд мегуфт, тааҷҷуб кард. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро фаҳмонд, ки дилҳо байни ду ангушт аз ангуштони Худованд ҳастанд ва Худованд онҳоро ҳар тавре ки хоҳад, мегардонад. Дил маркази имон ва куфр аст, онро ба ин хотир “қалб” мегӯянд, ки бисёр тақаллубёбанда ва тағйирёбанда аст, ҳатто бештар аз ҷӯшиши дег вақте ки сахт меҷӯшад. Худованд ҳар киро хоҳад, дилашро бар ҳидоят ва дин устувор ва пойдор медорад ва ҳар киро хоҳад, дилашро аз ҳидоят ба сӯи каҷравӣ ва гумроҳӣ мегардонад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фурӯтании Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар баробари Парвардигораш ва зориву ниёишаш ба Ӯ, нишонаи камоли ибодат ва тавозуъ аст. Ин амал роҳнамоест барои уммат, то ҳамеша аз Худованд собитқадамӣ дар дин ва ҳидоятро талаб намоянд.
  2. Аҳамияти истиқомат ва собитқадамӣ дар дин бисёр бузург аст, зеро асл дар охир аст, яъне кор бо анҷомаш ҳисоб мешавад.
  3. Бандаи Худо ҳатто барои як лаҳза ҳам аз ин ки Аллоҳ Таъоло ӯро дар динаш пойдор ва собитқадам гардонад, бениёз нест.
  4. Таъкид ба зиёд хондани ин дуо, аз рӯӣ пайравӣ кардан ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
  5. Пойдорӣ дар Ислом бузургтарин неъмат аст, ки банда бояд барои он талош кунад ва Парвардигорашро барои он шукр гӯяд.
Намоиши тарҷумаҳо
Бештар