1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Ман марде будам, ки аз ман бисёр мазӣ хориҷ мешуд ва ба далели ҷойгоҳи духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) (чун Алӣ домоди Паёмбар буд) шарм мекардам, ки дар ин бора аз эшон бипурсам. Пас Миқдод ибни Асвадро амр кардам, ки аз эшон суол кунад. Пас фармуданд: "Олати худро мешӯяд ва таҳорат мекунад

عَنْ عَلِيٍّ رضي الله عنه قَالَ:
كُنْتُ رَجُلًا مَذَّاءً وَكُنْتُ أَسْتَحْيِي أَنْ أَسْأَلَ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لِمَكَانِ ابْنَتِهِ فَأَمَرْتُ الْمِقْدَادَ بْنَ الْأَسْوَدِ فَسَأَلَهُ فَقَالَ: «يَغْسِلُ ذَكَرَهُ وَيَتَوَضَّأُ». وَلِلبُخَاريِّ: فَقَالَ: «تَوَضَّأْ وَاغْسِلْ ذَكَرَكَ».

Аз Алӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Ман марде будам, ки аз ман бисёр мазӣ хориҷ мешуд ва ба далели ҷойгоҳи духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) (чун Алӣ домоди Паёмбар буд) шарм мекардам, ки дар ин бора аз эшон бипурсам. Пас Миқдод ибни Асвадро амр кардам, ки аз эшон суол кунад. Пас фармуданд: "Олати худро мешӯяд ва таҳорат мекунад" Ва назди Бухорӣ омадааст, ки: " Таҳорат бикун ва олати худро бишӯй."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 303

Шарҳ

Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки аз ӯ мазӣ бисёр хориҷ мешуд, (мазӣ оби тунук, шаффоф ва часпакест, ки ҳангоми шаҳват ё пеш аз алоқаи ҷинсӣ аз инсон берун меояд) ва намедонист, ки вақте мазӣ мебарояд, бояд чӣ кор кунад. Ӯ аз ин ки худаш аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бипурсад, шарм кард, зеро ӯ шавҳари Фотима духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд. Бинобар ин аз Миқдод ибни Асвад хоҳиш кард, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин бора бипурсад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин посух доданд, ки олати худро бишӯяд, сипас таҳорат кунад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фазилати Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу), зеро шармгинӣ ӯро аз тарки ин савол бознадошт, балки ба воситаи дигар кас онро пурсид.
  2. Дар пурсидани фатво ҷоиз аст, ки ба воситаи як нафари дигар посухатро бигирӣ.
  3. Барои инсон ҷоиз аст, ки дар бораи худаш чизеро, ки аз гуфтанаш шарм медорад, ба хотири манфиат бигӯяд.
  4. Мазӣ наҷис аст ва шустани бадан ва либос аз мазӣ воҷиб аст.
  5. Мазӣ аз шиканандаҳои таҳорат аст.
  6. Шустани олат ва байзаҳо бо далиле, ки дар дигар ҳадис омадааст, воҷиб аст.

Намоиши тарҷумаҳо

59 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية