Ҳар гоҳ яке аз шумо таҳорат кард, пас обро дар бинии худ биандозад ва сипас онро берун бирезад ва касе, ки баъд аз қазои ҳоҷат бо чизе ғайр аз об ҷои наҷосатро пок кард, онро бо адади тоқ (1 ё 3 ё 5) анҷом диҳад
Ҳаргоҳ ба қазои ҳоҷат рафтед на рӯ ба қибла кунед на пушт ба қибла, балки рӯ ба тарафи шарқ ва ғарб кунед
Ҳеҷ яке аз шумо ҳангоми пешоб кардан узвашро бо дасти росташ нагирад ва бо он истинҷо накунад, инчунин вақти об нӯшидан дар зарфи об нафас накашад
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ ҳоҷатхона медаромаданд, ин дуоро мегуфтанд:" Илоҳо, ман аз хабисиҳои нарина ва модина ба Ту паноҳ мебарам
Ҳар вақт Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳоҷатхона берун меомаданд, мегуфтанд: "Ғуфронака" (Парвардигоро, маро биёмурз)