عَنْ وَائِلٍ الْحَضْرَمِيِّ قَالَ: سَأَلَ سَلَمَةُ بْنُ يَزِيدَ الْجُعْفِيُّ رضي الله عنه رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَ:
يَا نَبِيَّ اللهِ، أَرَأَيْتَ إِنْ قَامَتْ عَلَيْنَا أُمَرَاءُ يَسْأَلُونَا حَقَّهُمْ وَيَمْنَعُونَا حَقَّنَا، فَمَا تَأْمُرُنَا؟ فَأَعْرَضَ عَنْهُ، ثُمَّ سَأَلَهُ، فَأَعْرَضَ عَنْهُ، ثُمَّ سَأَلَهُ فِي الثَّانِيَةِ أَوْ فِي الثَّالِثَةِ، فَجَذَبَهُ الْأَشْعَثُ بْنُ قَيْسٍ، وَقَالَ: «اسْمَعُوا وَأَطِيعُوا، فَإِنَّمَا عَلَيْهِمْ مَا حُمِّلُوا، وَعَلَيْكُمْ مَا حُمِّلْتُمْ».
المزيد
Аз Воили Ҳазрамӣ ривоят аст, ки Салама ибни Язиди Ҷуъфӣ (разияллоҳу анҳу) Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пурсид ва гуфт:
Эй Паёмбари Худо! Агар бар мо ҳокимоне (амирон) ҳоким шаванд, ки ҳаққи худро талаб мекунанд, вале ҳаққи моро намедиҳанд, дар ин ҳолат ба мо чӣ фармон медиҳӣ? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ӯ рӯй гардонд. Бори дигар пурсид, вале боз рӯй гардонд. Бори дувум, ё севум ки пурсид, Ашъас ибни Қайс ӯро ба тарафи худ кашид, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:" Гӯш кунед ва итоат кунед, зеро онҳо масъулияти худро ба дӯш доранд ва шумо масъулияти худро."