1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Даъват ва ҳисба

Ҳадис Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар шунидану фармонбардорӣ кардан дар сахтиву осонӣ, тангию нохушӣ ва бо вуҷуди тарҷеҳи дигарон бар мо

عن عُبَادَةَ بن الصَّامتِ رضي الله عنه قال:
بَايَعْنَا رسولَ اللهِ صلى الله عليه وسلم على السَّمْعِ وَالطَّاعَةِ فِي الْعُسْرِ وَالْيُسْرِ، وَالْمَنْشَطِ وَالْمَكْرَهِ، وعلى أَثَرَةٍ علينا، وعلى أَلَّا نُنَازِعَ الْأَمْرَ أهلَه، وعلى أَنْ نَقُولَ بِالْحَقِّ أينما كُنَّا، لا نَخَافُ في الله لَوْمَةَ لَائِمٍ.

Аз Убода ибни Сомит (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар шунидану фармонбардорӣ кардан дар сахтиву осонӣ, тангию нохушӣ ва бо вуҷуди тарҷеҳи дигарон бар мо, байъат кардем ва ин ки дар бораи амр (ҳукмронӣ) бо аҳли он даргир нашавем ва ин ки ҳарҷо бошем ҳақро бигӯем ва дар роҳи Аллоҳ аз сарзаниши сарзанишгар натарсем.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 1709

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз саҳобагон аҳду паймон гирифт, ки дар осонӣ ва сахтӣ ва дар сарватмандӣ ва фақр ба амри валиамр ва ҳокимон амал кунанд. Чи ин авомир хостаи нафс бошанд ё чизе бошад, ки нафс онро хӯш намедорад, ҳатто агар ҳоким амволи умумӣ ё мансабҳо ва ғайри онро қабза кунад (баъзеҳоро аз он бидиҳанд ва баъзеҳоро надиҳанд) боз бояд дар корҳои хуб амри ононро шунид ва итоат кард ва набояд бар зидди онон шӯриш кард. Зеро фитна ва фасоде, ки дар ҷангидан бо онон аст, шадидтар аз фасоде аст, ки бо зулми онон ҳосил мешавад. Ва аз ҷумлаи чизҳое, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз онон паймон гирифт ин аст, ки ҳақро ҳарҷо, ки бошанд бигӯянд ва онро холисона барои Аллоҳ бигӯянд ва аз сарзаниши сарзанишгар натарсанд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Самараи самъу тоат аз ҳокимон, иттиҳоди калимаи мусалмонон ва дурӣ аз тафриқа аст.
  2. Самъу тоат аз ҳокимон дар умури ғайри маъсияти Аллоҳ, дар осонӣ ва душворӣ ва хушию нохушӣ ва бо вуҷуди табъизе, ки аз онон рӯй медиҳад, воҷиб аст.
  3. Гуфтани сухани ҳақ ҳарҷо, ки бошем воҷиб аст, бидуни ин ки дар роҳи Аллоҳ аз сарзаниши касе битарсем.

Намоиши тарҷумаҳо

62 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
BG Български البلغارية
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية