1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ҳадис ва илмҳои он

Ҳадис Аз ман ба дигарон, агарчи як оят ҳам бошад, бирасонед. Эроде барои шумо нест агар дар мавриди Бани Исроил нақл ва сухан мегӯед, ва ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бандад, ҷойгоҳи худро дар дӯзах омода созад

عن عبد الله بن عمرو رضي الله عنهما أن النبي صلى الله عليه وسلم قال:
«بَلِّغُوا عَنِّي وَلَوْ آيَةً، وَحَدِّثُوا عَنْ بَنِي إِسْرَائِيلَ وَلَا حَرَجَ، وَمَنْ كَذَبَ عَلَيَّ مُتَعَمِّدًا فَلْيَتَبَوَّأْ مَقْعَدَهُ مِنَ النَّارِ».

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Аз ман ба дигарон, агарчи як оят ҳам бошад, бирасонед. Эроде барои шумо нест агар дар мавриди Бани Исроил нақл ва сухан мегӯед, ва ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бандад, ҷойгоҳи худро дар дӯзах омода созад".

Саҳеҳ رواه البخاري Саҳеҳ Бухорӣ - 3461

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дастур медиҳад, ки ҳарчи аз номи ӯ расонида мешавад бояд аз Қуръон ва Суннат бошад, агарчи андаке бошад, ба монанди ояте аз Қуръон ё ҳадисе аз фармудаҳои ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ба ин шарт, ки ҳар касе онро ба мардум мерасонад худ онро фаро гирифта ба дарки маънои он бирасад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки нақли қавл аз Бани Исроил ва воқеаҳое, ки болои онҳо омадааст, ба гунае, ки мухолиф бо шариати мо нест, ишколе надорад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳушдор доданд, ки аз номи ӯ дурӯғ нагӯянд ва ҳар касе дониста бар ӯ дуруғе нисбат диҳад, ҷойгоҳашро дар дӯзах омода сохтааст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ташвиқу тарғиб барои расонидани шариати Худовандӣ ва инки инсон ончиро фаро гирифта дарк намудааст бояд ба дигарон бирасонад, агарчи андак ва кам бошад.
  2. Барои ибодат ва тарзи дурусти таблиғи шариати Худовандӣ бояд илми шаръиро фаро гирифт.
  3. Пеш аз нашри ҳадис бояд саҳеҳ будани он дониста шавад, то аз дучор шудан ба ин таҳдиди сахт, ки Паёмбари Худо гуфтаанд, ҷилавгирӣ шавад.
  4. Ташвиқ ба садоқат дар гуфтор ва эҳтиёт дар нақли ҳадис, то дучори дурӯғгӯӣ нагардад, ба вижа дар шариати Худовандӣ.

Намоиши тарҷумаҳо

69 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
FF Fulfulde الفولانية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
BG Български البلغارية
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
EL Ελληνικά اليونانية
AK Akan الأكانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
LN Lingala اللينجالا
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
RN Kirundi الكيروندي
KMR Kurmancî الكرمنجية
MS Bahasa Melayu الملايو