عن أَبِي مُوسَى الأَشْعَرِيِّ رضي الله عنه: أَنَّ رَسُولَ اللهِ صلى الله عليه وسلم قَالَ:
«مَنْ صَلَّى الْبَرْدَيْنِ دَخَلَ الْجَنَّةَ»
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 574]
المزيــد ...
Аз Абумусои Ашъарӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Он ки намози бардайнро (намози бомдод ва асрро) адо кунад, вориди биҳишт шавад."
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 574]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хондани ду намози сарди, ки намози бомдод ва аср аст, ба ҷидду ҷаҳд ташвиқ намудааст. Ва ҳар ки он ду намозро дар вақташ ва бо ҷамоат адо намояд ва дигар умурро анҷом диҳад, барояш башорат додааст ва инҳо сабаби вуруди ӯ ба биҳишт хоҳанд шуд.