عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:
«مَنْ صَامَ رَمَضَانَ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ»

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 38]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Ҳар кӣ моҳи рамазонро аз рӯи имон ва барои дарёфти савоб рӯза бигирад, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад"

[صحيح] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 38]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки ҳар касе моҳи рамазонро аз рӯи имон ба Аллоҳ ва бовар доштан ба фарзияти он ва аҷру подош, ки дар он Худованд барои рӯзадорон арзонӣ доштааст, рӯза бидорад ва ҳадафи ӯ танҳо барои Худо, на аз рӯи риё ва худнамоӣ, бошад, гуноҳони гузаштаи ӯ омӯрзида мешавад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фазилати ихлос ва аҳамияти он дар рӯза доштани моҳи Рамазон ва дигар амалҳои нек.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: Англисӣ Урду Испонӣ Бештар (67)
Бештар