1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Ҳар касе дӯст дорад, ки Худованд ӯро аз сахтиҳои рӯзи қиёмат наҷот диҳад, пас бояд ба қарздори тангдаст сабукӣ диҳад ё қарзашро бубахшад

عَنْ أَبَي قَتَادَةَ رضي الله عنه أنَّهُ طَلَبَ غَرِيمًا لَهُ، فَتَوَارَى عَنْهُ ثُمَّ وَجَدَهُ، فَقَالَ: إِنِّي مُعْسِرٌ، فَقَالَ: آللَّهِ؟ قَالَ: آللَّهِ؟ قَالَ: فَإِنِّي سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«مَنْ سَرَّهُ أَنْ يُنْجِيَهُ اللهُ مِنْ كُرَبِ يَوْمِ الْقِيَامَةِ فَلْيُنَفِّسْ عَنْ مُعْسِرٍ أَوْ يَضَعْ عَنْهُ».

Аз Абуқатода (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ қарздоре дошт, ки худро аз ӯ пинҳон карда буд. Баъдан ӯро пайдо кард ва он шахс гуфт: Ман тангдаст ҳастам. Абуқатода гуфт: Ба номи Аллоҳ? (рост мегӯӣ)? Гуфт: Ба номи Аллоҳ. Абуқатода гуфт: Зеро ман аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки мефармуд:
"Ҳар касе дӯст дорад, ки Худованд ӯро аз сахтиҳои рӯзи қиёмат наҷот диҳад, пас бояд ба қарздори тангдаст сабукӣ диҳад ё қарзашро бубахшад."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 1563

Шарҳ

Абуқатодаи Ансорӣ (разияллоҳу анҳу) дар ҷустуҷӯи қарздоре буд, ки аз ӯ пинҳон шуда буд. Ӯро пайдо кард. Қарздор гуфт: Ман тангдаст ҳастам ва барои адои қарзи ту моле надорам.
Абуқатода (разияллоҳу анҳу) ӯро ба номи Худо савганд дод, ки оё воқеан ҳеҷ моле надорад?
Ӯ ба номи Худо савганд хӯрд, ки рост мегӯяд ва ягон моле барои баргардонидани қарз надорад.
Абуқатода (разияллоҳу анҳу) гуфт, ки ӯ аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидааст:
Ҳар касе хушҳол мешавад ва мехоҳад Худованд ӯро аз сахтиву тарсу ҳароси рӯзи қиёмат наҷот диҳад, бояд ба қарздори тангдаст осонӣ кунад, ё муҳлат диҳад, ё қисме аз қарзро бахшад, ё комилан аз он гузарад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Мустаҳаб аст, ки ба қарздори тангдаст муҳлат дода шавад то вақте ки тавонгар гардад, ё қарз аз ӯ пурра ё қисман бахшида шавад.
  2. Касе, ки аз як муъмин сахтӣ, душворӣ ва мушкилоти дунёро бардорад, Худованд аз мушкилоти рӯзи қиёмат барояш сабукӣ меорад. Ҷазо мувофиқи амал аст.
  3. Қоида: Фарзҳо аз нафлҳо беҳтаранд, аммо баъзан чунин мешавад, ки нафл аз фарз беҳтар мегардад. Бахшидани қарз аз тангдаст, амалест нафл, сабр кардан бар ӯ, муҳлат додан ва талаб накардани қарз, фарз аст. Ва дар ин маврид нафл аз фарз беҳтар мебошад.
  4. Ин ҳадис дар ҳаққи касест, ки воқеан тангдаст аст ва ӯ маъзур аст. Аммо касе, ки тавонгар аст ва таъхир мекунад, дар додани қарз саҳлангорӣ ва мумотала мекунад, аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки гуфтааст: "Таъхир кардани шахси тавонгар дар адои қарз, зулм аст."

Намоиши тарҷумаҳо

51 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية