1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Шаби қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон ҷустуҷӯ кунед

عَنْ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«تَحَرَّوْا لَيْلَةَ القَدْرِ فِي الوِتْرِ مِنَ العَشْرِ الأَوَاخِرِ مِنْ رَمَضَانَ».

Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Шаби қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон ҷустуҷӯ кунед."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 2017

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардумро ба кӯшишу ҷидду ҷаҳд дар ҷустуҷӯ, пайгирӣ ва талаби шаби қадр ташвиқ намудааст, бо афзун кардани амалҳои нек. Умедвортар он аст, ки шаби қадр, ҳар сол дар шабҳои тоқ аз даҳ шаби охири моҳи Рамазон бошад, ки инҳоянд: шаби бисту якум, бисту сеюм, бисту панҷум, бисту ҳафтум ва бисту нуҳум.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фазилати шаби қадр ва ташвиқ ба ҷустуҷӯйи он.
  2. Аз ҳикмат ва раҳмати Худост, ки ин шабро пинҳон доштааст, то мардум дар ибодат ҷидду ҷаҳд намоянд ва онро ҷустуҷӯ кунанд ва дар натиҷа савобашон бештар гардад.
  3. Шаби қадр дар даҳ шаби охири моҳи Рамазон аст. Ва будани он дар шабҳои тоқи он умедвортар мебошад.
  4. Шаби қадр яке аз шабҳои даҳгонаи охири Рамазон аст. Он шабест, ки Худованди Азза ва Ҷалла Қуръонро бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил фармуд ва ин шабро ба баракати фаровон, бузургии мақом ва таъсири амалҳои нек дар он, беҳтар аз ҳазор моҳ қарор дод.
  5. Он «Лайлатул-қадр» (шаби қадр) (бо сукуни ҳарфи дол), номида шудааст, ё аз ҷиҳати шараф аст, чунон ки мегӯянд: фалонӣ бузургқадр аст, пас изофаи шаб аз навъи изофаи чиз ба сифати он мебошад, яъне шаби шариф, ки дорои мақому шараф ва бузургист, чунон ки фармудааст: (Мо Қуръонро дар шаби муборак [ва фархундаи қадр] нозил кардем.) (Сураи Духон, ояти 3). Ё аз ҷиҳати тақдир (тақдир кардан) аст, пас изофаи он аз навъи изофаи зарф ба он чизест, ки дар бар мегирад. Яъне ин ҳамон шабест, ки дар он тақдири он чи дар давоми сол рух медиҳад, муқаррар мегардад: (Дар он [шаб] ҳар амри муҳимме файсала меёбад [ва тадбир мешавад].) (Сураи Духон, ояти 4).

Намоиши тарҷумаҳо

47 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية