1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Халил ва дӯсти ман, Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) манро ба се чиз тавсия доданд: Рӯза доштани се рӯз дар ҳар моҳ, хондани ду ракъат намози зуҳо, хондани витр пеш аз хоб

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ:
أَوْصَانِي خَلِيلِي صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِثَلاَثٍ: صِيَامِ ثَلاَثَةِ أَيَّامٍ مِنْ كُلِّ شَهْرٍ، وَرَكْعَتَيِ الضُّحَى، وَأَنْ أُوتِرَ قَبْلَ أَنْ أَنَامَ.

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Халил ва дӯсти ман, Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) манро ба се чиз тавсия доданд: Рӯза доштани се рӯз дар ҳар моҳ, хондани ду ракъат намози зуҳо, хондани витр пеш аз хоб.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 1981

Шарҳ

Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки дӯсташ ва ҳамроҳаш Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ се васият намуданд, ки ба ин се амал пойбанд бошад:
Аввал: Рӯзадории се рӯз дар ҳар моҳ.
Дуюм: Ду ракъати намози зуҳо, ҳар рӯз.
Сеюм: Хондани намози витр пеш аз хоб, ин барои касоне аст, ки метарсанд дар охири шаб бедор нашаванд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Тафовут дар васиятҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба саҳобаҳояш бар асоси огоҳии ӯ дар бораи ҳолати ҳар яки онҳо буд ва ончи муносиби ҳоли яке аз онҳо мебошад, барои мисол, шахси боқувват барои ҷиҳод муносиб аст, обид барои ибодат ва олим барои илм муносиб аст ва ҳамин тавр.
  2. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар бораи се рӯз рӯзаи ҳар моҳ, мегӯяд: Се рӯз рӯза гирифтан дар ҳар моҳ, зоҳиран мақсади ӯ рӯзҳои сафед аст, ки он рӯзҳои сенздаҳум, чаҳордаҳум ва понздаҳуми моҳҳои ҳиҷрӣ мебошад.
  3. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мегӯяд: Дар ин ҳадис тақдими намози витр бар хоб мустаҳаб аст, махсусан барои касоне, ки ба бедор шудани худ мутмаин нестанд.
  4. Аҳамияти ин се амал, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ададе аз саҳобагонаш ин амалҳоро тавсия додааст.
  5. Ибни Дақиқ Ал-ъид дар сухани худ мегӯяд: (ва ду ракаъати зуҳо) эҳтимолан дар инҷо камтарин адади намозро зикр кардааст, ки бо иҷрои он таъкид мешавад. Ин нишонаест бар мустаҳаб будани намози зуҳо, ки камтарини он ду ракъат аст.
  6. Вақти намози зуҳо: тақрибан миқдори 15 дақиқа пас аз тулӯи офтоб оғоз мешавад ва тақрибан то даҳ дақиқаи пеш аз намози пешин идома меёбад. Адади ракъатҳои намози зуҳо: камтаринаш ду ракъат аст, вале дар адади бештари он ихтилоф ҳаст, гуфтаанд, ки ҳадди бештараш ҳашт ракъат аст, ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳадди бештар надорад.
  7. Вақти намози витр: пас аз намози хуфтан то тулӯи субҳ. Ҳадди ақали он як ракъат ва ҳадди аксараш ёздаҳ ракъат мебошад.

Намоиши тарҷумаҳо

51 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية