1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Талбияаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин гуна буд: "Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ло шарика лака лаббайк, инналҳамда ванниъмата лака валмулк ло шарика лака

عَنْ عَبْدِ اللهِ بْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا:
أَنَّ تَلْبِيَةَ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «لَبَّيْكَ اللهُمَّ، لَبَّيْكَ، لَبَّيْكَ لَا شَرِيكَ لَكَ لَبَّيْكَ، إِنَّ الْحَمْدَ وَالنِّعْمَةَ لَكَ وَالْمُلْكَ لَا شَرِيكَ لَكَ» قَالَ: وَكَانَ عَبْدُ اللهِ بْنُ عُمَرَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا يَزِيدُ فِيهَا: لَبَّيْكَ لَبَّيْكَ، وَسَعْدَيْكَ، وَالْخَيْرُ بِيَدَيْكَ، لَبَّيْكَ وَالرَّغْبَاءُ إِلَيْكَ وَالْعَمَلُ.

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки
Талбияаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин гуна буд: "Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ло шарика лака лаббайк, инналҳамда ванниъмата лака валмулк ло шарика лака". Ровӣ мегӯяд: Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) илова бар ин мегуфт: Лаббайка, лаббайка ва саъдайка вал-хайру биядайка, лаббайка варрағбоу илайка вал-амалу. Тарҷума: Фармонбардорам Худовандо! Фармонбардорам, фармонбардорам, Ту шарике надорӣ. Ҳамоно ситоиш ва неъмат аз Туст, подшоҳӣ низ аз Туст, Ту шарике надорӣ. Иловаи Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо): Фармонбардорам, фармонбардорам ва саодатмандӣ ва хушбахтӣ аз сӯи Туст ва хайр ба дастони Туст, фармонбардорам ва умеду рағбат ба сӯи Туст ва амал низ барои Туст.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 1184

Шарҳ

Ҳангоме ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мехостанд ба ибодати Ҳаҷ ё Умра ворид шаванд, талбияаи ӯ чунин буд: (Лаббайкаллоҳума, лаббайка) иҷобати устувор ва пайваста ба даъвати Ту, дар он чи ки даъватамон кардаӣ, бо ихлос, тавҳид, ҳаҷ ва дигар ибодатҳо. (Лаббайка, ло шарика лака, лаббайка), танҳо Ту сазовори ибодат ҳастӣ, шарике дар Рубубият ва Улуҳият ва номҳо ва сифатҳоят надорӣ. (Инналҳамда) шукру ситоиш, (ванниъмата) аз сӯи Ту ва Ту атокунандаи он ҳастӣ, (лака) дар ҳама ҳолатҳо барои Ту сарф мешавад, (валмулк) ҳамчунин аз они Ту аст, ( ло шарика лака) ҳама чизҳо танҳо барои Ту аст. Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ба он ин чанд ҷумлаи дигарро илова мекард: (Лаббайка, лаббайка ва саъдайка) маро баъд аз ҳар хушбахтӣ боз хушбахт гардонӣ, (валхайру биядайка) ва некӣ дар дастони Ту ва бо фазли Ту аст, (Лаббайка варрағбоу илайка) талаб ва дархост ба суи касе аст, ки хайр ба дастони ӯст. Ва амал барои Ту аст, зеро танҳо Ту сазовори ибодат ҳастӣ.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Машруияти талбия гуфтан дар ҳаҷ ва умра ва таъкид бар он, зеро он шиори хосси он ибодат аст, монанди такбир, ки шиори хосси намоз аст.
  2. Ибни Мунир гуфтааст: Дар машруияти талбия тазаккуре аст бар икроми Аллоҳ Таъоло нисбат ба бандагонаш, ки онҳо зиёрати хонаи Ӯ фақат ба даъвати Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло будааст.
  3. Беҳтар аст, ки аз талбияи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пайравӣ карда шавад ва илова кардан бар он боке надорад. Чун ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро тасдиқ кардаанд. Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Ин равиши одилона аст. Он чизе, ки ба шакли марфуъ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят шудааст, ба танҳоӣ гуфта шавад ва агар хост он чиро, ки аз саҳоба мавқуф омадааст ё он чиро ки худ аз пеши худ иншо кардааст ва шоистаи мақоми дуо аст, бигӯяд, онро алоҳида гӯяд, то бо ривояти насси марфуъ омехта нашавад. Ин монанди дуо кардан дар ҳолати ташаҳҳуд аст, ки эшон дар бораи он фармудаанд: сипас ҳар он чи дархост ва сано, ки мехоҳад, ихтиёр кунад, яъне, пас аз тамом кардани он чи ки ба шакли марфуъ ривоят шудааст.
  4. Баланд кардани овоз дар ҳоли талбия гуфтан барои мардон мустаҳаб аст. Аммо зан бо овози паст мегӯяд, барои пешгирӣ аз фитна.

Намоиши тарҷумаҳо

47 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية