عن حُذَيْفَةَ رضي الله عنه:
أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ يَقُولُ بَيْنَ السَّجْدَتَيْنِ: «رَبِّ اغْفِرْ لِي، رَبِّ اغْفِرْ لِي».

[صحيح] - [رواه أبو داود والنسائي وابن ماجه وأحمد] - [سنن ابن ماجه: 897]
المزيــد ...

Аз Ҳузайфа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар байни ду саҷда "Раббӣ иғфир лӣ, раббӣ иғфир лӣ" (Парвардигоро манро бибахш, Парвардигоро манро бибахш) мегуфт.

[Саҳеҳ] - [رواه أبو داود والنسائي وابن ماجه وأحمد] - [Сунани ибни Моҷаҳ - 897]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақти нишастан байни ду саҷда ин дуоро "Раббӣ иғфир лӣ, раббӣ иғфир лӣ" (Парвардигоро манро бибахш, Парвардигоро манро бибахш) мегуфт ва онро такрор мекард.
Ва маънои ин дуо дархости банда аз Парвардигораш аст, ки гуноҳонашро маҳв намояд ва айбҳояшро бипӯшонад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ин дуоро дар байни ду саҷда дар намози фарз ва нафл гуфтан машруъ ва ҷоиз аст.
  2. Як бор гуфтани ин дуо (Раббӣ иғфир лӣ) воҷиб ва такрор карданаш мустаҳаб аст.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: Англисӣ Урду Испонӣ Бештар (61)
Бештар