1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Эй мардум! Барои ин чунин кардам, ки аз ман пайравӣ кунед ва намози манро таълим бигиред

عن أَبِي حَازِمِ بْن دِينَارٍ:
أَنَّ رِجَالًا أَتَوْا سَهْلَ بْنَ سَعْدٍ السَّاعِدِيَّ، وَقَدِ امْتَرَوْا فِي الْمِنْبَرِ مِمَّ عُودُهُ، فَسَأَلُوهُ عَنْ ذَلِكَ، فَقَالَ: وَاللهِ إِنِّي لَأَعْرِفُ مِمَّا هُوَ، وَلَقَدْ رَأَيْتُهُ أَوَّلَ يَوْمٍ وُضِعَ، وَأَوَّلَ يَوْمٍ جَلَسَ عَلَيْهِ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، أَرْسَلَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِلَى فُلَانَةَ -امْرَأَةٍ من الأنصار قَدْ سَمَّاهَا سَهْلٌ-: «مُرِي غُلَامَكِ النَّجَّارَ أَنْ يَعْمَلَ لِي أَعْوَادًا أَجْلِسُ عَلَيْهِنَّ إِذَا كَلَّمْتُ النَّاسَ»، فَأَمَرَتْهُ فَعَمِلَهَا مِنْ طَرْفَاءِ الْغَابَةِ، ثُمَّ جَاءَ بِهَا، فَأَرْسَلَتْ إِلَى رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَأَمَرَ بِهَا فَوُضِعَتْ هَاهُنَا، ثُمَّ رَأَيْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ صَلَّى عَلَيْهَا وَكَبَّرَ وَهُوَ عَلَيْهَا، ثُمَّ رَكَعَ وَهُوَ عَلَيْهَا، ثُمَّ نَزَلَ الْقَهْقَرَى، فَسَجَدَ فِي أَصْلِ الْمِنْبَرِ ثُمَّ عَادَ، فَلَمَّا فَرَغَ أَقْبَلَ عَلَى النَّاسِ فَقَالَ: «أَيُّهَا النَّاسُ، إِنَّمَا صَنَعْتُ هَذَا لِتَأْتَمُّوا وَلِتَعَلَّمُوا صَلَاتِي».

Аз Абуҳозим ибни Динор ривоят аст, ки гуфт:
Мардоне назди Саҳл ибни Саъди Соъидӣ рафтанд ва дар бораи минбари (Паёмбар), ки чӯбаш аз чӣ аст, баҳс карданд. Ӯ ба онҳо гуфт: Савганд ба Аллоҳ ман медонам, ки аз чист ва ман онро дар аввалин рӯзе, ки ниҳода шуд ва аввалин рӯзе, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар он нишаст, дидам. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди фалон зан - зане аз ансор, ки Саҳл номи ӯро зикр кард - фиристод ва хитоб ба эшон фармуд, ки " Ғуломатро, ки наҷҷор аст амр кун, то барои ман чӯбҳое (минбаре аз чӯб) бисозад, то ҳангоми сухан гуфтан бо мардум бар он бинишинам". Пас, он зан ғуломашро амр кард ва ӯ онро аз дарахтони Тарфаи ғоба (ҷое дар беруни Мадина дар тарафи Шом) сохт ва сипас онро овард. Он зан онро ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристод ва эшон низ амр карданд, ки инҷо ниҳода шавад. Сипас Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, ки (барои омӯзиши мардум) бар он (минбар) намоз хонд ва дар ҳоле ки бар он буд, такбир гуфт ва сипас дар ҳоле ки бар он буд, ба рукуъ рафт ва сипас ба пушти сар поин омад ва дар (канори) пояи минбар саҷда кард ва сипас (ба рӯйи он) бозгашт ва вақте ки (намозашро) ба охир расонд, фармуд: "Эй мардум! Барои ин чунин кардам, ки аз ман пайравӣ кунед ва намози манро таълим бигиред."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 917

Шарҳ

Мардоне назди яке аз асҳоб омада, дар бораи минбари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), (ки барои хутбаи худ қарор дода буд) пурсиданд, ки аз чӣ сохта шудааст? Онон дар ин бора бо ҳам ҷадал ва ниқош карда буданд. Пас ба онон гуфт, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди зане аз ансор, ки хидматгори наҷҷор дошт қосиде фиристод ва фармуд: Хидматгори наҷҷоратро амр кун то барои ман минбаре аз чӯб бисозад, ки ҳангоми сухан гуфтан бо мардум бар он бинишинам. Он зан низ қабул кард ва ғуломашро амр кард, ки барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) минбаре аз чӯби тарфа бисозад ва чун корашро ба охир расонд, он зан минбарро ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристод ва эшон амр карданд, то онро дар маконаш дар масҷид қарор диҳанд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле ки бар болои он буданд, такбир гуфтанд ва сипас бар рӯи он ба рукуъ рафтанд, сипас ақиб омада бидуни он ки рӯяшонро ба қафо бигардонанд ва бар рӯйи замин канори пояҳои минбар саҷда карданд ва сипас ба рӯи минбар бозгаштанд ва чун намозро ба поён расониданд, рӯ ба мардум карданд ва фармуданд: Эй мардум! Ман ин корро кардам, то аз ман улгу бигиред ва намози манро ёд бигиред.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Болои минбар баромадани хатиб ва истифода бурдан аз он мустаҳаб аст ва аз фоидаҳои он расондани овоз ва шунавонидан аст.
  2. Барои таълим додан дар болои минбар намоз хондан ҷоиз аст ва баланд истодани имом аз маъмум барои ниёз ҷоиз аст.
  3. Барои эҳтиёҷоти мусалмонон аз аҳли касбу кор ёрӣ пурсидан ҷоиз аст.
  4. Ҳаракати андак дар аснои намоз барои ҳоҷат ҷоиз аст.
  5. Нигоҳ кардани маъмум ба имомаш дар ҳоли намоз ва барои таълим гирифтан ҷоиз аст ва ин ба хушуъи намоз мухолифат надорад.

Намоиши тарҷумаҳо

62 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
YAO Yao الياو
KMR Kurmancî الكرمنجية