1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Он шайтоне аст, ки номаш Хинзаб аст, пас ҳар вақт эҳсосаш кардӣ, аз ӯ ба Аллоҳ паноҳ бибар (Аъузу биллоҳ бигӯ) ва се бор ба тарафи чапат туф бикун

عن عُثْمَانَ بْنَ أَبِي الْعَاصِ رضي الله عنه:
أنه أَتَى النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ: يَا رَسُولَ اللهِ، إِنَّ الشَّيْطَانَ قَدْ حَالَ بَيْنِي وَبَيْنَ صَلَاتِي وَقِرَاءَتِي يَلْبِسُهَا عَلَيَّ، فَقَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «ذَاكَ شَيْطَانٌ يُقَالُ لَهُ خِنْزَِبٌ، فَإِذَا أَحْسَسْتَهُ فَتَعَوَّذْ بِاللهِ مِنْهُ، وَاتْفُلْ عَلَى يَسَارِكَ ثَلَاثًا»، قَالَ: فَفَعَلْتُ ذَلِكَ فَأَذْهَبَهُ اللهُ عَنِّي.

Аз Усмон ибни Абулъос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки
ӯ назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Шайтон миёни ман ва намози ман ворид шудааст ва дар хонданам барои ман мушкилӣ эҷод мекунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:" Он шайтоне аст, ки номаш Хинзаб аст, пас ҳар вақт эҳсосаш кардӣ, аз ӯ ба Аллоҳ паноҳ бибар (Аъузу биллоҳ бигӯ) ва се бор ба тарафи чапат туф бикун". Усмон мегӯяд: Ман ин корро кардам ва Аллоҳ онро аз ман бартараф сохт. (Манзур аз туф кардан, пуф кардан бо андаке аз оби даҳон аст).

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2203

Шарҳ

Усмон ибни Абулос (разияллоҳу анҳу) назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Миёни ман ва намозам шайтон даромад ва маро аз хушуъ дар намозам боз дошта аст ва сабаб шудааст, ки дар хонданам иштибоҳ кунам ва дучори шак шавам. Пас Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ фармуд: Он шайтоне аст, ки Хинзаб ном дорад, ҳаргоҳ чунин ёфтӣ ва ӯро эҳсос кардӣ, ба Аллоҳ паноҳ бибар ва се бор ба тарафи чапат бо андаке аз оби даҳон туф кун. Усмон мегӯяд: Ман ин корро кардам ва Аллоҳ онро аз ман бартараф сохт. (Манзур аз туф кардан, пуф кардан бо андаке аз оби даҳон аст).

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Аҳамияти хушуъ ва ҳузури қалб дар намоз ва ин ки шайтон талош мекунад, ки дар он иштибоҳ ва шак эҷод кунад.
  2. Ҳангоми васвасаи шайтон дар намоз, ба Аллоҳ паноҳ бурдан (Аъузу биллоҳ гуфтан) ва дар тарафи чап се бор бо андаке аз оби даҳон туф кардан мустаҳаб аст.
  3. Тавзеҳ дар бораи он ки саҳобагон (разияллоҳу анҳум) ҳар мушкилие ба сарашон меомад ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) меомаданд, то онро барояшон ҳал кунад.
  4. Зиндагии дилҳои саҳобаҳо ва ин ки ғами онҳо дар бораи охират буд.

Намоиши тарҷумаҳо

61 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية